Комёбии хонандагони тоҷик

15-05-2018
12-13 майи соли равон дар шаҳри Венетсияи Ҷумҳурии Италия 6-умин олимпиадаи байналмилалии HIPPO аз забони англисӣ доир гардид. Дар даври аввали олимпиада аз 30 давлати дунё 23 ҳазор довталаб ширкат варзида, дар даври ниҳоӣ 114 нафар ҳуқуқи иштирок кардан пайдо намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даври ниҳоии олимпиада Дилноза Нуралиева- хонандаи синфи 5-и литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фариза Сатторова- хонандаи синфи 6-и мактаби хусусии «Гулчини маърифат» дар шаҳри Хуҷанд, Александр Читян- хонандаи синфи 8-и Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Исматулло Раҳимов- хонандаи синфи 10-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе намояндагӣ намуда, барои ғолибият дар ду даври олимпиада бо медал ва ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд. Хонандаи мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Александр Читян дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардида, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки васоити ахбори омма ғолибони олимпиадаро санаи 15 майи соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон