КОНФЕРЕНСИЯ: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДОИР БА ҲАЁТИ КӮДАКОН

19-11-2020
   19–уми ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ ба таври онлайн баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
   Дар конференсия як қатор масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти кӯдакон дар ҷаҳони муосир, аз ҷумла мавзӯъҳои «Маҳдуд кардани имкониятҳо ва ҳуқӯқи кӯдак дар давраи пандемия», «Иштироки оила ва нақши зан дар тарбияи фарзанд», «Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун малакаҳои асосӣ дар ҳаёти минбаъдаи кӯдак» ва «Кӯшишҳои ҳаматарафаи сохторҳои давлатӣ оид ба бартараф намудани мушкилот ва пешравии дастрасии таҳсилоти босифат барои ҳар як кӯдак» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
   Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки аз он 28 марказ дар вилояти Суғд, 27 марказ дар вилояти Хатлон, 10 марказ дар ВМКБ, 6 марказ дар шаҳри Душанбе ва 3 марказ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгиранд. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳсилоти иловагӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии низоми маориф муайян гардида, ба рушди эҷодӣ, зеҳнӣ ва ташаккули қобилият, инчунин қонеъ гардонидани манфиатҳои хонандагон, ниёзҳои маънавии онҳо дар интихоб ва гирифтани касбу ҳунар фориғ аз таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст. 
   Марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолияти худро дар самти таъмини ҳуқуқи дастрасии баробари кӯдакон ба таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда, барои таҳсилоти  комил, рушди маънавӣ ва дарки худогоҳии онҳо мусоидат менамоянд.
Суннатуллоҳи Мирзо