КОНФЕРЕНСИЯИ 5-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР: МУШКИЛОТ ВА ҶУСТУҶӮЙИ РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН" БАРГУЗОР ШУД

17-12-2019
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисотон 14-уми декабри соли 2019 дар меҳмонхонаи "Ҳилтон" конференсияи 5-уми байналмилалӣ дар мавзӯи "Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он" баргузор шуд.
Дар кори конфронс муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев, муовини Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Оқилзода, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И.Каримова, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф М.Саломиён, мутахассиси соҳаи маорифи дафтари СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон К.Лучино, директори барномаҳои таҳсилотии Институти "Ҷамъияти кушода" Бунёди Мадади Тоҷикистон Н.Дастамбуев ва намояндагон аз ҷумҳуриҳои Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар идомаи конфронс иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Таҳсилоти фарогир самти нави стратегияи таълими муосир», «Нақши забони имову ишора дар таълиму тарбияи ношунавоён», «Омода ва бозомӯзии омӯзгорон дар самти таҳсилоти фарогир: таҷрибаи байналмилалӣ, дурнамо ва роҳандозии он дар Тоҷикистон», «Аз таърихи пайдоиши хати Брайлӣ», «Махсусиятҳои инкишофи равандҳои маърифати бачагони камбудии зеҳнӣ дошта», «Фаъолияти психологи мактабӣ дар низоми таҳсилоти фарогир» ва дигар масъалаҳои мавриди назар баромад намуданд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, маърӯзаҳои ироашуда дар маҷмӯаи мақолаҳо зери унвони «Конференсия байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он» чоп шудаанд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм