КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ “ИНФО - СТРАТЕГИЯ: ҶОМЕА. ДАВЛАТ. МАОРИФ”

08-07-2024
Дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Инфо-Стратегия: Ҷомеа. Давлат. Маориф” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони соҳаи маорифи 14 давлат ҷамъ омада, доир ба мушкилоти мавҷудаи рақамикунонии соҳаи маориф ва роҳҳои бартараф намудани онҳо суханронӣ ва муҳокимаронӣ намуданд. Ин чорабинии илмию амалӣ мутахассисони варзидаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, маориф ва сиёсати давлатиро барои баррасии масъалаҳои асосии табдили рақамӣ дар бахшҳои гуногун ҷамъ овард.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндагон аз ҳар як давлат оғоз гардида, доир ба муҳимияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба низоми маориф ва идораи давлатӣ, дастовардҳои ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи табдили рақамӣ дар минтақа андешаронӣ гардид.
Маърӯзаҳои ироагардида аҳамияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба раванди таълим ва идоракуниро дар бар гирифта, зарурати рушди малакаҳои рақамӣ дар омӯзгорон ва хонандагонро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Конференсияи мазкур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Холов Комрон намояндагӣ намуд.
https://www.facebook.com/photo?fbid=847326100779428...