КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ «НАВРӮЗ – ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲО ВА ФАРҲАНГҲО» БАРГУЗОР ГАШТ

17-03-2020
17-уми марти соли 2020 дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Наврӯз - пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо» баргузор гашт.
Дар кори конференсияи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, сардорони раёсат ва шуъбаҳои вазорат ва устодону муҳаққиқони соҳа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ М. Саломиён ҳозиринро ба фарорасии соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз муборакбод гуфта, ин оини ниёгонро аз қадимтарин ва азизтарин ҷашни миллии халқҳои ориёинажод унвон кард.
Сипас, Саъдӣ Қосим-муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои саёҳатии Наврӯз ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ дар он», Сафаргул Давлиёрова-дотсенти Институти Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷашнгирии Наврӯз дар Осиёи Марказӣ», Сайфулло Маҳкамов-мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни зиндагист» ва Иноят Файзуллоева-мутахассиси пешбари илмии шуъбаи технологияи инноватсионии таълими Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомӣ дар мавзӯи «Ҷашни Наврӯз дар миёни мардуми форсизабони Афғонистон» маърӯза намуданд.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО