КОНФРОНС: “МАВЛОНО ТАРАННУМГАРИ ВАҲДАТ”

27-09-2019
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 27- уми сентябри соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, шоирону нависандагон ва олимону муҳаққиқони кишвар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони “Мавлоно тараннумгари Ваҳдат” баргузор гардид.
Дар кори конфронс Х.Зиёӣ–директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, доктори илмҳои фалсафа дар мавзӯи “Чанд андешае перомуни Донои Вахш”, Меҳмон Бахтӣ – Шоири халқии Тоҷикистон дар мавзӯи “Бозтоби Офтоб”, А. Маҳмадаминов – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ”, М. Маҳмадҷонова – доктори илми фалсафа, профессор дар мавзӯи “Масъалаи инсон аз дидгоҳи Мавлоно”, М.Солеҳов – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ дар мавзӯи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба зодбуми худ бар мегардад”, М. Аҷамӣ – мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Муҳри каломи Мавлоно ишқ аст”, Ҷ. Саидзода – номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи “Мавлоно – шоири андеша ва афкори миллӣ”, Р. Худоёрзода – номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Ашъори Мавлоно дар барномаи ҳунарии Аҳмад Зоҳир”, Р. Мирзоева – корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзӯи “Сангтӯда – ватани бозёфтҳои нодири таърихӣ” суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар кори конфронс хонандагон ва омӯзгорон роҷеъ ба рӯзгори ибратомӯзи Мавлоно сухан ронда, зикр доштанд, ки як бахши муҳими осори ӯро арзишҳои ахлоқӣ ва худшиносӣ ташкил намудааст. Мақсади Мавлоно баланд бардоштани мартабаву икроми инсон аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар “Маснавии Маънавӣ” ва дигар асарҳояш андешаҳои ахлоқию хештаншиносии худро тавассути достону қиссаҳо ва воқеаҳои ибратомӯз аз рӯзгори бузургон ва чеҳраҳои дурахшони орифон баён доштааст. 
Ҳамзамон, беш аз 500 нафар хонандаи муассисаи мазкур аз осори Мавлоно порчаҳои шеърӣ азёд намуда, дар доираи барномаи фарҳангии таҳиянамудаи худ пешниҳоди иштирокдорон намуданд. 
Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА