КОНФРОНС: “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ”

12-11-2021
12 ноябри соли ҷорӣ дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Махфират Хидирзода, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, доктори илмҳои ҳуқуқ Диноршоҳ Азиз, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо, муовини сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов, роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, кормандон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Конференсияро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба мавзуи болозикр андешаронӣ намуд. Дар маърузаи худ оид ба саҳми мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзу ҳофизаи таърихӣ, рушди босубботи ҷомеа, мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф андешаронӣ намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид доштанд, ки “Тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки  мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми зихираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям”. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки “Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст” ё “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”. Ин андешаҳои ҳакимонаи Пешвои миллат дар бораи маориф ва тарбияи насли наврас дар таърихи давлатдории Тоҷикон беҳтарин дастуру ҳидоятҳоянд, ки аз раванди ҳаёти сиёсию воқеии мамлакат маншаъ мегиранд.
Баъд аз суханронии ифтитоҳӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ба муовини якуми вазири маориф ва илм Саломиён Муҳаммаддовуд, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Саъдӣ Қосимӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода, сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат Зоир Кулобиев медали ҷашнии “20 солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай” тақдим гардид.
Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон дар мавзуи «Пешвои муаззам ва дастовардҳои фарҳангӣ», доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Махфират Хидирзода дар мавзуи  «Маориф ва маърифат ҳамчун арзиши иҷтимоӣ дар сиёсати Пешвои муаззами миллат», номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», доктори илмҳои хуқуқ Диноршоҳ Азиз дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи татбиқи ҳуқуқи конститутсионии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо дар мавзуи «Моҳият ва аҳамияти мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бӯҳрони охири Афғонистон»,  муовини сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Маҳмадулло Наимов дар мавзуи «Замони гузариш: ҷанбаҳои муҳими фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода дар мавзуи «Тулӯи авҷи фитрат дар китоби «Уфуқҳои истиқлол» - и Эмомалӣ Раҳмон» суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла,  доктори илмҳои сиёсатшиносӣ  Махфират Хидирзода қайд намуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат мақому манзалати омӯзгору олим хеле боло рафт. Президенти малакат ба мавқеи омӯзгорону олимон таваҷҷуҳ карда, чунин таъкид карда буданд: “Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.”
Дар фарҷом барои иштирокчиёни конфренсия аз ҷониби сарояндагони шинохта Тобиш Ҳилолӣ, Фахриддини Малик ва Ҷумахон Сафаров барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.