КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИВУ СОҲАВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

08-09-2022
8-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 
Дар оғоз Р. Саидзода - вазири маориф ва илм қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар эътироф намуда, баҳри пешрафти он корҳои шоиста ва назаррас анҷом доданд. 
Сипас, М. Сатториён оид ба таърих ва марҳилаҳои рушди истиқлол ва пешрафти соҳаи маориф суханронӣ намуда, саҳми аҳли маорифи кишварро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими  истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар идома ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ як ќатор кормандони соҳаи маориф бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф Абдулхайр Бадалов - доктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ ва Замониддин Ҳабиров - номзади илмҳои биология, ходими пешбари илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти илмҳои табиатшиносӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022, Қурбон Суяриён - номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва колоидии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф,  Абдурауф Искандаров - омӯзгори математика ва технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон,  Комилшо Исозода -директори Муассисаи нашриявии “Маориф”-и Вазорати маориф ва илм, Ҳалим Саидзода - ҳамоҳагсози Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илм, Сафаралӣ Гадоев - декани факултети технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Фирӯза Мирзоева - дотсенти кафедраи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Шуҳрат Шарифзода - муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Фузайл Сафаров - котиби Шурои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд. 
Ҳамчунин, Зиёвиддин Низомов - мутахассиси пешбари озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фариштамо Дариева - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82-и ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳалима Азизова -омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Варзоб, Шаҳлои Тоҳириён - мудири шуъбаи фанҳои филологияи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сироҷиддин Ҳусейнов - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Варзоб, Мунаввара Усмонова - омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Қамар Мирзоев - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Варзоб, Соибназар Қаландаршоев - омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Мавлуда Ҷалилова - омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Нигина Ҳомидова - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳияи Шоҳмансур о нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”сарфароз гардонида шуданд. 
Бахтовар САФАРОВ