Коррупсияро пешгирӣ мебояд

20-12-2019
19 декабри соли равон дар толори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе вобаста ба амалӣ гардидани  “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид.
 Дар ҳамоиш Маҳмадалӣ Қурбонзода-директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Собирҷон Давлатзод - нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Бахтовар Сироҷиддинзода-нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок карданд. 
Маҳмадалӣ Қурбонзода қайд намуд, ки дар коллеҷ нақша-чорабинӣ ҷиҳати амалӣ гардидани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст.  Инчунин,  комиссияи махсус  амал мекунад, ки  оид ба  фаъолияти худ дар назди Шӯрои олимони коллеҷ ҳар се моҳ гузориши муфассал манзур менамояд. Дар муассиса гӯшаи намунавӣ оид ба  пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ насб гардидааст.
 Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҳамкорӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”  ба ҳисоб меравад.
Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА