Кӯшониён: ҶАЛАСАИ ТАҲЛИЛИЮ НАТИҶАГИРӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10-07-2023
Имрӯз, дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи ҷамъбастию таҳлилӣ ва натиҷагирии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи якуми соли равон баргузор агрдид. Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илм Сафарзода Дилшод, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, раиси ноҳияи номбурда Вализода Икромиддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, имомхатибон, раисони маҳалла ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Раиси ноҳияи мазкур Вализода Икромиддин ва муовинони раиси ноҳия оид ба бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Кӯшониён дар нимсолаи якуми соли 2023 баромад карданд.
 Дар ин раванд, вобаста ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ изҳори назар гардида, аз иҷро нашудани нақшаи таъминоти пила, афзоиши бақияи қарзи андоз дар соҳаҳои об ва кишоварзӣ, қонеъкунанда набудани ҳосилғундорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳори нигаронӣ гардид. Қайд гардид, ки фаъолияти сусти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии коммуналӣ боис гардидааст, ки тудаи охлот дар ҷамоатҳои ноҳия бештар гарданд. Вобаста ба масъалаҳои об, қувваи барқ, роҳу нақлиёт, андоз, маорифу фарҳанг, хоҷагии қишлоқ, тиб ва кишоварзӣ табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияи номбурда 60 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки 58 ҳазору 375 нафар хонанда таҳкил мекунанд ва 2737 нафар хатмкунандаро ташкил медиҳанд. Дар назди 37 муассисаи таълимӣ 41 адад Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат менамояд.
 Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми кишвар 76 нафар мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии ноҳия фиристода шудаанд, ки ҳоло 70 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Сатҳу сифати таълим тайи солҳои охир рӯ ба беҳӣ ниҳода, аз натиҷаи чоряки чорум ва солонаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ соли таҳсили 2022 – 2023 бармеояд, ки сифати таҳсилот 59,8 фоиз буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,3 фоизро дар бар мегирад. Балли миёнаи муассисаҳои таълимии ноҳия 3,7 фоизро ташкил медиҳад.
Қайд гардид,ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар сатҳи ноҳия мувофиқи матлаб гузаронида шуданд, ки доираи васеъи иштирокчиёнро фарогир буданд.
 Маҳз дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 780 нафар иштирок карда, 55 нафар бо ба даст овардани ғолибият ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Квотаи президентӣ” аз ноҳия 103 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 22 нафар дар даври ниҳоӣ ғолибият ба даст оварда, соҳиби номи донишҷӯӣ шуданд. 
Аз шумораи умумии хатмкунандагон 2020 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 73,8 фоизро ташкил медиҳад.
 Инчунин, дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 166 медал ба даст оварданд, ки нисбати соли гузашта 87 медал зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, 51 адад ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ 19 нафар толибилмон соҳиби медал гардиданд.
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро сухан карда, тамоми самтҳои хоҷагии халқро ба риштаи таҳлил кашида, аз фаъолияти аксарияти соҳаҳо дар нимсолаи якуми соли равон изҳори нигаронӣ кард. Барои ислоҳи камбудию норасоиҳо, иҷроиши саривақтии дастурҳои Роҳбари давлат, расидан ба дастовардҳои арзанда ба масъулин супоришҳои қатъи дод.
 Мавсуф афзуд, ки Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарин маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, кормандони ташкилоту муассиса ва сокинони ноҳияро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ талош намуда, вазифаву уҳдадорӣ ва супоришҳоро мувофиқи матлаб иҷро карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон