Кӯшониён: Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагии МТМУ рақами 40- и ноҳия, бахшида ба ҷашни Наврӯз

23-03-2024
Имрӯз 23 марти соли 2024, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва роҳбарияти ноҳия дар МТМУ рақами 40- и ноҳия дар фазои идона, 4 синфхонаи иловагӣ муҷаҳҳаз бо айёниятҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи падару модарон ин муассиса бунёд шуда, туҳфаҳои арзишманд ба толибилмони ин макони илму маърифат гардид. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия барои ташаббуси пешгирифтаи сокинони ин деҳа изҳори сипос намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва рӯзгори осударо таманно намуданд. Дар ҳамин ҷо ба сарвари муассисаи таълимӣ ва раиси маҳалла барои ташаббуси пешгирифта Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Дафтари матбуотии
раиси ноҳияи Кӯшониён