Кӯшониён. ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ТАҲЛИЛИЮ НАТИҶАГИРӢ

11-07-2024
Санаи 11 - уми июли соли 2024 дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи таҳлилию натиҷагирии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муҳтарам Абдулзода Зиёдулло, раиси ноҳия Вализода Икромиддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Нахуст, ҳисоботи муовини аввал ва дигар муовинони раиси ноҳия шунида шуда, сипас пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуд.
Муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро низ баромад карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳо, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, расидан ба дастовардҳои арзанда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар қисмати дигари ҷаласа барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва меҳнати аҳлонаю пуршараф як қатор соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолон, омӯзгорони ботаҷриба ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо Нишони аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон, Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.