КӮШОНИЁН: МАШВАРАТИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 

21-12-2020
21-юми декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин-раиси ноҳия ва фаъолони ноҳия машварати корӣ доир гардид. 
Дар машварат, пеш аз ҳама, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фасли сармо таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи физоӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқу заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ, суръат бахшидани кишти тирамоҳӣ ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 декабри соли равон дар Қасри миллат ба аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, таъкид гардид. 
Зикр шуд, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии кишвар, қдар фасли зимистон, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд. 
Ҳамчунин, М. Имомзода-вазири маориф ва илм таъкид намуданд, ки роҳбарият ва фаъолони ноҳия вазифадоранд, ки корҳои таблифотию ташвиқотиро бобати самаранок истифодабарии қувваи барқ, вусъати корҳои ниҳолшинонӣ, ободонию созандагӣ, тозагии маҳаллаҳои аҳолинишин, кӯчаю хиёбонҳо ва сохтмони иншооти хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ, самаранок истифодабарии заминҳои корами обӣ вусъат бахшида, мунтазам ба ситоди ноҳиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. 
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ, оид ба масъалаи мубрами рӯз, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус сухан рафйта, масъулини соҳаи тандурустии ноҳия вазифадор гардиданд, ки тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, корҳои оммафаҳмонӣ ва безараргардониро бештар ба роҳ монанд. 
Хадамоти матбуотии 
раиси ноҳияи Кӯшониён