КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОН

14-08-2023
14 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи курси омӯзишӣ барои тренерон дар доираи лоиҳаи TSSET бо иштироки сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарофиддин Асомиддинзода, намояндаи шуъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Пабло Тутило ва директори Шуроҳои амрикоӣ Метю Малҳерин баргузор гардид. 
Ҳадаф аз ташкил намудани курси мазкур такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони англисии  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буда,  дар тӯли 18 моҳ  иқтидори омӯзгорони забони англисиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фаъолиятҳои такмили ихтисос, ки марҳила ба марҳила ва ба таври каскадӣ мегузарад, баланд мебардорад.
Лоиҳаи TSSET аз тарафи Шуроҳои амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон   таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда, то моҳи марти соли 2024 давом мекунад.



Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон