КУШОДАШАВИИ ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТИИ ТОБИСТОНАИ НАЗДИМУАССИСАВӢ БАРОИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

05-06-2024
Бо мақсади ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар мавсими истироҳатии соли 2024 қарори раиси вилояти Хатлон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор дорад.
Дар муассисаи таълимии тоҷикию русии Тоҷикистону Россия ба номи Ломоносови шаҳри Бохтар маросими кушодашавии лагерҳои наздимуассисавӣ бо иштироки намояндагони раёсати маориф баргузор гардид.
Лозим ба қайд аст, ки лагерҳои истироҳатӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардида, бо фарогирии доираи васеи кӯдакону наврасон дар се давра гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, ҷалби наврасон ба лагерҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зина ба зина ташкил карда мешавад.

Бахши матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон