ЛОИҲАИ “РУШДИ РАСОНАҲОИ ҶАДИД ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

17-03-2022
17-уми марти соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он директори Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) Абахон Султоназаров, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тим Ҷонс, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода, рӯзноманигорон, коршиносони ВАО, устодон ва донишҷӯёни факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва коршиносони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд. 
Нахуст, директори Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) Абахон Султоназаров сухан ронда, доир ба фаъолияти лоиҳа дар давоми се сол маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин, зикр кард, ки дар қатори дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” яке аз лоиҳаҳое буд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм бомуваффақият фаъолият кард ва дар сатҳи баланд ба охир расид. 
Сипас, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тим Ҷонс зикр кард, ки имрӯз мо дар якҷоягӣ бо IWPR лоиҳаи 3-солаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”-ро бо ифтихор ба анҷом мерасонем, ки дар он теъдоди зиёди донишҷӯёну омӯзгорон ва рӯзноманигорон дар соҳаи журналистика ва ВАО-и рақамӣ дониш ва малакаҳои нав гирифтанд.
Эҳсон Сафарзода-сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” охири соли 2019 миёни Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” ва Вазорати маориф ва илм Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бо иштироки мутахассисони ботаҷриба барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисос ва факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як қатор тренинг, курсҳои омӯзишӣ, семинар, конференсия ва мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои журналистикаи рақамӣ, журналистикаи чандрасонаӣ, расонаҳои ҷадид, саводи расонаӣ ва амсоли инҳо доир гардиданд.
- Ҳамзамон, Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” дар давоми се сол як қатор корҳоеро анҷом дод, ки тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи рӯзноманигорӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, татбиқи босамари лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, таъсиси платформаи омӯзишии “Медиашкола Cabar.asia” барои омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи дастури таълимии “Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав” аз зумраи онҳост,-қайд кард Э.Сафарзода. - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба Ҳукумати Британияи Кабир барои дастгирии молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур ва Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” изҳори сипос менамояд ва умедворем, ки ба ин монанд дигар лоиҳаҳо низ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди соҳаи рӯзноманигорӣ, қонеъ намудани талаботи идораҳои ВАО бо кадрҳои варзида татбиқ мегарданд.
Дар идома ҳамоҳангсози лоиҳа Дилноза Мирзомамадова, дигар иштирокдорони ҳамоиш Искандар Мирзоганиев, Дилором Махкамова, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Дилрабо Самадова, Тахмина Ҳакимова, Камелия Самойленко, Ҳадятулло Азимзода ва Тимур Тимерханов дар бораи он ки лоиҳа чӣ гуна ҷиҳати ноил шудан ба муваффақияти шахсӣ ва касбии онҳо таъсир расонидааст, суҳбат намуданд. 
Дар охири чорабинӣ ба беҳтарин иштирокчиёни лоиҳа “Сертификат” супорида шуд.
Бахтовар Сафаров