ЛОИҲАИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ДОНИШКАДА МУАРРИФӢ ГАРДИД

11-07-2024
Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти раисии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода бо намояндагони Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд лоиҳаи Стратегияи рушди Донишкада муаррифӣ гардид.
Дар оғоз ректори Донишкада мақсади вохӯрӣ ва зарурати таҳияи ин ҳуҷҷати муҳимро ба ҳозирин фаҳмонида, иброз дошт, ки Стратегияи рушди Донишкада бо назардошти бартараф намудани мушкилоти низоми такмили ихтисос ва рушди минбаъдаи он барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, он ду марҳилаи алоҳидаро барои солҳои 2025-2027 ва 2028-2030 дар бар мегирад. Стратегия аз 6 қисмати алоҳида ва 84 банд иборат буда, ҳар як қисмат ҳадафҳо ва натиҷаҳои мушаххасро фарогир аст.
Дар он шаклҳои мухталифи такмили ихтисос, аз ҷумла:
- такмили ихтисоси шакли классикӣ;
- такмили ихтисоси шакли омехта;
- такмили ихтисоси шакли дуалӣ;
- такмили ихтисоси шакли фосилавӣ;
- такмили ихтисос дар шакли худомӯзӣ дар назаргирифта шудааст.
Яке аз ҳадафҳои Стратегия ин таҷдиди назар ва таҳияи барномаҳои таълимии нави такмили ихтисос мебошад. Агар дар низоми пештара омӯзгорони аз рӯйи 64 барнома аз курс мегузашта бошад, имрӯз он зарурияти омӯзгоронро ба 9 гурӯҳ (собиқаи то 3 сола, собиқаи аз 3 то 10 сола, собиқаи аз 10 сола зиёд, ихтисосманд, ғайриихтисос, ғайри равияи омӯзгорӣ, маълумоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус) тақсим намудааст, ки дар ин маврид коркарди зиёда аз 711 барномаи таълимӣ ба миён омадааст. Агар солҳои пеш омӯзгори се сол собиқаи корӣ дошта бо омӯзгори 45 сол собиқаи кори дошта аз рӯйи як барномаи таълимӣ аз курс гузаранд, имрӯз он тақозо мекунад, ки аз рӯйи собиқаи корӣ, ихтисос, категория ва дигар нишондиҳандаҳо бояд омӯзгорон ҷудогона аз курс гузаранд. Дар ин маврид танҳо дар шакли классикӣ (анъанавӣ) зарурияти таҳияи 450 барномаи таълимӣ ба миён омадааст.
Баъдан сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин дар навбати худ таъкид намуд, ки яке аз қисматҳои муҳими ҳуҷҷат ин ҳарчӣ зудтар таҳия намудани барномаҳои таълимӣ мебошад. Чун таҷриба нишон медиҳад, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ қариб то 60% омӯзгорони ҷавон Муассисаҳои олиро ғоибона хатм намудаанд, ки барои онҳо курсҳои такмили ихтисос бо назардошти барномаҳои нави таълимӣ ҳатман зарур аст.
Директори маркази таҳияи лоиҳаҳои Вазорати маориф ва илм Давлатзода Насим иброз намуд, ки раванди такмили ихтисос на танҳо дар Донишкада балки он дар зинаҳои дигар аз ҷумла шуъбаҳои маориф ва махсусан муассисаи таълимӣ пайгирӣ карда шавад. Ва модели омӯзгор дар ин ҳуҷҷат нишон дода шавад. Ҳамзамон, дар муассисаи таълимӣ такмили ихтисоси омӯзгорон дар шакли фарқкунанда ба роҳ монда шавад ва гурӯҳи омӯзгорони фаъол дар самти омода намудани хонандагон барои озмунҳо ва олимпиадаҳо дар худи ҳар як муассиса ташкил карда шаванд.
Рӯйнамои Стратегияи рушди Донишкада аз муовини ректор Собиров Сафарбек пешниҳод карда шуд.
Баъдан намояндагони шарикони рушди Донишкада, аз ҷумла Валиҷонбекова Шаҳноза - ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ, Саидошуров Шералӣ - лоиҳаи мактабҳои 2030, Ойгул Каджанова - эксперти байналмилалии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Садруддинов Холис - эксперти миллии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Музаффарзода Баҳриддин - ҳамоҳангсози Лоиҳаи "Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат", Нақҳат Абдулҳафизов - муовини роҳбари Лоиҳаи ЮСАИД "Биё ҳамроҳ омӯзем", Нигора Негматуллоева - ёвари Лоиҳаи "Таҳкими имкониятҳои хонандагон тавассути технологияҳои нави рақамӣ дар соҳаи маориф"-и филиали Ташкилоти ғайритиҷоратии Байналмилалии башардӯстонаи "Good Neighodors lnternational" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саодатсайров Эраҷ - намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Бозичаева Васила - намояндагони ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва дигарон фикру андешаҳои хешро ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати Стратегия изҳор намуда, омодагии худро барои амалишавии он иброз намуданд.
Дар фарҷом ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода аз ҳамкориҳои судманди Донишкада бо шарикони рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки ҷонибҳо дар якҷоягӣ метавонанд дар татбиқи стратегияи мазкур нақши бориз дошта бошанд ва умед аст, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба самараҳои интизор ба бор меорад.