М. ИМОМЗОДА БО РОҲБАРИ НАВИ ДАФТАРИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН ВОХӮРД

30-07-2020
 
   30-юми июл дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо роҳбари навтаъйини Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккави Хогали баргузор шуд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобила изҳори андеша намуданд. 
   Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки дар самти татбиқи баъзе аз барномаву нақшаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бояд ҳамкориҳоро вусъат бахшид.
  Осама Маккави Хогали- роҳбари Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон низ таъкид намуд, ки масъалаи рушди соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон аз асоситарин ҳадафҳои Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва роҳбарияти он ба шумор меравад. 
   Ҷонибҳо вобаста ба таъмини ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ низ ибрози назар намуданд. Роҳбари Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон махсус қайд намуд, ки барои таъмини амнияти саломатии кӯдакону наврасон дар шароити пандемия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро меандешанд. 

 
Суннатуллоҳи МИРЗО,
мутахассиси Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон