МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲА НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА 13,6% ЗИЁД АСТ

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоши маблағгузории он вобастагӣ дорад.
Соли 2020 барои соҳаи маориф 5 млр. 4 млн. 653 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 13,6 % зиёд мебошад.
Хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2020 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 299 млн. 223 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти умумӣ 2 млр. 838 млн. 590 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 75 млн. 499 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ 222 млн. 365 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти олии касбӣ 781 млн. 516 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 787 млн. 460 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ин росто, раёсати иқтисод, банакшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм вазифадор мегардад, ки самаранокӣ ва риояи дурусти истифода намудани маблағҳои буҷетиеро, ки барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷудо карда мешавад, зери назорат қарор дода, ҷиҳати риояи дурусти меъёрҳои маблағгузорӣ ҳар шашмоҳа ба роҳбарият маълумоти муфассал пешниҳод намояд.