МАКТАБСОЗӢ ОЯНДАСОЗИСТ. БАРДОШТ АЗ СИЛСИЛАСОХТМОНҲО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

11-06-2024
Чанде пеш барои инъикоси раванди корҳои сохтмонӣ ба деҳаҳои Алиҷон, Ҳусейн Шайх, Булёни Боло, Навобод ва Булёни Поёни ноҳияи хушманзари Данғара сафар намудем. Ин бор даштҳои васеъ бар тан ҳарири сабз доштанд, ки бо гулҳои рангоранг муҷалло буд. Зери шуои Офтоб дар ҳавои софи баҳор диққату таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷазб мекарданд. Аз дидани ин зебоиҳо ангора (тахайюл) шуморо бо ин роҳ, ки миёни хушгилтарин мавзеъ ҷой дорад, ба сӯйи замине хуррамтар аз ин мебарад... Дарвоқеъ, дар ҳамин ҳолу ҳаво на танҳо табиати ноҳияи Данғара, балки ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон биҳишти рӯйи Заминро мемонад.
Аввалин деҳае, ки моро дар оғӯши баҳориаш гирифт, Алиҷон буд. Он ҷо аз корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таълимии № 24 дидан намудем. Чун ба саҳни мактаб ворид шудем, назарам ба фарози деҳа бархӯрд. Сарсабзии ин деҳ, аз Швейтсарияи афсонавӣ сабзтар ба назар мерасид. Ба атроф синча мекардам ва ба худ мегуфтам: “Барои дидани зебоиҳои диёр чашми бино мебояд”.
Аз ин ҳам зеботар, дидани чеҳраҳои омӯзгорону хонандагон буд, ки барои сохтмони бинои мактаби навашон хурсандӣ мекарданд. Чи қадар лаззат дорад дидани чеҳрае, ки аз бунёди мактабу таълимгоҳ мешукуфад ва ҳамвора лабханд мезанад. Зери ин ҳама лабхандҳо дунё-дунё маънӣ нуҳуфтааст. Лабхандҳо пажвоки сипосанд. Мехоҳанд ба ташаббускору саҳомони ин ободӣ сипос гӯянд. Муаллими мактаб Исоева Сабзагул гӯё андешаҳои маро аз чашмонам мехонд, ки бо тасдиқ чунин гуфт: “Наздики 30 сол мешавад, ки ин ҷо дарс мегӯям. Пештар шароити синфхонаҳо хуб набуд. Аммо ҳоло дигар ҷойи гап нест. Ташаккур ба давлату Ҳукумат, ки пайи созандагиву ободкорӣ, алалхусус, мактабу маориф аст”. Бешак, амри исботшудааст, ки бунёди мактабу маориф эҳёи миллат аст ва “эҳёи миллат бақои давлат” маҳсуб меёбад.
Пас аз ин, сӯйи деҳаҳои Булёни Боло ва Навобод роҳ пеш гирифтем. Худрави мо деҳаҳои Пушингу Ғарғара ва Ҳусейн Шайхро убур мекард. Офтоби баҳорӣ ҳамвора пушти сарамон соя мегузошт ва гоҳ-гоҳе анбуҳи абрҳои пароканда ба ин сояафканиҳо халал мерасонд. Чанде баъд, аллакай, бо роҳе мерафтем, ки акнун соҳибкорони бо нангу номуси диёр ба таъмираш гом бардошта буданд. Бо дидани ин кори бисёр нек-таъмири роҳ, беихтиёр зери лаб аҳсант мехондам. Барои ташаббускори ин ободӣ, ҳар сухани неке, ки мегӯем, кам аст. Тавре шоҳид шудем, маҳз, канори ҳамин роҳ ду мактаб ҷой гирифтааст ва ҳамин роҳ аст, ки деҳаҳои зиёдеро ба маркази ноҳия мепайвандад. Сохтмони мактабҳо дар деҳаҳои мазкур низ босуръат идома доранд. Корҳои сохтмониро ҳамагӣ чанд моҳ мешавад, ки шуруъ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки аллакай ошёнаи якум сохта шудааст. Воқеан, ин маънои онро дорад, ки равиши корҳо бомарому босуръат идома ёфта истодаанд. Мардуми маҳаллӣ, бахусус, ҷавонони деҳаҳои мазкур барои ҳарчи тезтар сохтани боргоҳи илм ба сохтмончиён ёрӣ медоданд. Ин гуна рафтори мардум хеле фараҳафзост. Яъне, мардум ҳам муҳимияти мактабу маорифро бештар эҳсос намуда, барои боз ҳам беҳтару пештар сохтани боргоҳҳои дониш мекӯшанд.
Баъди дидани сохтмони мактабҳо дар деҳаҳои Булёни Боло ва Навобод роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Булёни Поён. Тахриби асфалтҳои куҳна ва ҳамвор кардани сатҳи замин бо техникаҳо ҳамвора идома дошт. Бо вуҷуди ин, равуои мошинҳо ҳам кам намешуд. Вақти сафари мо деҳаҳои канори ин роҳ хушрангу зебо, хубу дилоро, сар то ба по сабз, гулпӯшу гуворо буданд. Билохира, расидем ба нуқтаи охирини сафарамон-деҳаи Булёни Поён. Мактаби ин деҳ дар масофаи на он қадар дур аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ҷойгир аст. Ин ҷо ҳам, сохтмони мактаб босуръат идома дошт. Сокинони ин русто, хурду калон гирди сохтмон парвона буданд. Мехоҳанд дар бунёди машъали нури деҳа-муассисаи таълимӣ саҳм дошта бошанд. Ба якдигар, ба коргарон ёрӣ мекарданд. Камтаринашон бо хушгӯиҳо руҳи сохтмончиёнро болида месохтанд.
Шоёни зикр аст, ки биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Алиҷон, Булёни Боло, Навобод ва Булёни Поён на аз ҳисоби буҷети давлатӣ, балки пурра бо дастгирии соҳибкорони бонангу ори ноҳия сохта мешаванд, ки шоёни таҳсин ва пайравист.
Дидани манзараи сохтмон, кор, садои баланди техникаҳои корӣ барои касе, ки аз ин доира нест, шояд гарон бошад. Аммо, чи хуш аст, вақте ин сохтмон бинои мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва ё маҷмаае бошад, ки барои ҷамъият хизмат кунад. Бахусус, бунёди мактаб дар гӯшае аз Ватан корест сутуданӣ. Шоҳиди ин ҳама ободкориҳо гаштан барои мо низ шодӣ овард.

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”