МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

25-08-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 2020 ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи “Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор менамояд.
 
Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
• Публитсист ва публитсистика: дирӯз, имрӯз ва фардо;
• Нақши публитсист дар замони муосир;
• Инъикоси дастовардҳои замони истиқлол дар осори публитсистӣ;
• Нақши Пешвои миллат дар осори публитсистии замони Истиқлол;
• Симои инсони кору пайкор дар публитсистикаи Асадулло Саъдуллоев;
• Асадулло Саъдуллоев – публитсист;
• Мактаби илмии Асадулло Саъдуллоев;
• Рӯҳи замон дар осори публитсистони тоҷик;
• Публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ.
 
Талабот ба пешниҳоди маърӯза дар шакли мақола
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- саҳифаи А 4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи – 14;
- сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят;
- сатри дуюм – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар мобайни саҳифа;
- сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргари матнии MS Word  ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ - 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи “Адабиёт” оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда шавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [намуна: 3, 25] омода карда шавад, ки дар он ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он бояд бошад;
- ҳаҷми матни маърӯза бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад.
- ҳамаи маърӯзаҳои ҳамоиш, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, дорои аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд.
 
Дархост барои иштирок дар ҳамоиш ва пешниҳоди матни маърӯза бояд то санаи 15 сентябри соли 2020 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони ҳамоиш: тоҷикӣ
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25 Академияи ВАО-и Тоҷикистон. 
Тел: 91-932-34-02; 98-999-71-50; 221-84-50.
E-mail: zinatullo@mail.ru; zismoilov@gmail.commahmadieva2016@mail.ru
 
Кумитаи тадорукот