МАҶЛИСИ ВАСЕИ МАШВАРАТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН.

19-08-2023
18 августи соли ҷорӣ  дар шаҳри Хоруғ маҷлиси васеи  кормандони соҳаи маориф ва илми ВМКБ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ, муҳтарам  Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. 
 Рӯзномаи  ҷаласаро сардори Раёсати маорифи ВМКБ, Аминҷон Мирзоқандов ба ҳозирин муаррифӣ намуда, дар идома сухани муовини  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ  шунида шуд. Алишер Мирзонабот  зимни суҳбат барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштани соҳаи маорифи ВМКБ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мактабу маориф кафили рушди ҷомеа буда, калиди тамоми пешравиҳо дар дасти омӯзгор аст. 
 Дар идома  Вазири маориф ва илм  аз ҳамкории судманди ҳукумати  вилоят бо  Вазорати маориф изҳори  миннатдорӣ  намуда, доир ба масъалаҳое,ки ҳалли онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвият бахшидани маҳорати донишандӯзии хонандагон таъсир мерасонад ёдовар шуд. Раҳим Саидзода аз натиҷаи  дастовард  ва комёбиҳо дар давоми соли таҳсили 2022 -2023  ёдоварӣ намуда, ҳамагонро  бо фарорасии  Рӯзи дониш ва таҷлили 32 солагии Истиқлолияти давлатӣ  шодбош  гуфт.
   Дар охир аз ҷониби Раиси  вилоят ва Вазири маориф ва илм фаъолони соҳа барои  хизматҳои шоиста  ва саҳми арзанда  дар таълими насли наврас  бо сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва нишони аълочии маориф  сарфароз гардиданд.