“Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав” муаррифӣ гардид

16-12-2021
 
Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм барои омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои журналистии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастури таълимии “Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав”-ро таҳия намуд, ки маросими муаррифии он 14-уми декабри соли ҷорӣ дар бинои Маркази тиҷоратии “Созидание” баргузор гардид.
Дар муаррифии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода, директори Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” Абахон Султоназаров, деканон, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.
“Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав” ҳамчун дастури таълимию методӣ барои омӯзгорони факултетҳои журналистика нигаронида шуда, аз ҳафт курс иборат мебошад, ки ба махсусиятҳои кори ВАО-и нав, шароит ва омилҳои таҳияи матолиби муваффақи иттилоотӣ дар Интернет, усул ва принсипи кори рӯзноманигорони интернетӣ бахшида шудааст.
Зимни муаррифӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс иброз дошт, ки дар ин дастур равандҳои ба воқеиятҳои нав мутобиқ шудани рӯзноманигорӣ, ки яке аз пешаҳои ҷолибтарин дар ҷаҳон аст, ба таври муфассал тасвир шудааст. Ин маҷмӯаи ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам маслиҳатҳои амалӣ мебошад, ки ҷанбаҳои муосирро, аз қабили ВАО-и рақамӣ, ҳикоянависӣ ва ҳассосияти гендерӣ дар журналистикаро дар бар мегирад. Яке аз бартариҳои ин дастур ин мисолҳо ва машқҳои амалӣ мебошад, ки пас аз ҳар як қисми назариявӣ дар аввали ҳар як бахш меоянд. Бритонияи Кабир озодии ВАО ва тавонмандсозии тамоми ҷаҳонро фаъолона дастгирӣ мекунад, зеро ВАО на танҳо яке аз рукнҳои муҳими демократия, балки заминаи шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ дар ҳар як кишвар аст.
Директори Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” Абахон Султоназаров зикр кард, ки дастури таълимӣ курсҳо оид ба расонаҳои навро пешниҳод мекунад, то истифодабаранда дар саргаҳи тамоюлҳои нав қарор дошта бошад.
-Инҷо шумо метавонед перомуни махсусиятҳои тавлиди муҳтаво ва нақдинасозии он, дар мавриди кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, дар бораи сторителлинг ва шаклҳои он, инчунин, доир ба инкиъоси дурусти масоили гендерӣ маълумот дошта бошед,-қайд кард А.Султоназаров. – Умедворем, ин дастур барои ғанӣ гардонидани донишҳо, дарёфти маълумоти иловагӣ ва аз худ кардани малакаҳои нав ба шумо кумак мекунад.
Эҳсон Сафарзода-сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм зикр кард, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва
журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” охири соли 2019 миёни Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” ва Вазорати маориф ва илм Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бо иштироки мутахассисони ботаҷриба барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисос ва факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронидани тренингҳо, курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои журналистикаи рақамӣ, журналистикаи чандрасонаӣ, расонаҳои ҷадид, саводи расонаӣ, роҳҳои таҳия ва таҳлили муҳтаво (контент), журналистикаи онлайнӣ (онлайн-журналистика), журналистикаи оморӣ (дата-журналистика), меъёрҳои байлналхалқии журналистика, таҳқиқоти журналистӣ, сторителинг, далелсанҷӣ (факчекинг), амнияти рақамӣ, журналистика дар сомонаҳои иҷтимоӣ, журналистикаи гендерӣ, менеҷменти сомонаҳои иҷтимоӣ, тарзу усули омода намудани гузориши аудиоӣ (подкастҳо), рушди тафаккури таҳлилӣ (интиқодӣ), саҳифасозӣ дар интернет (блогинг) аз зумраи корҳое буданд, ки то имрӯз анҷом дода шуданд.
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба Ҳукумати Британияи Кабир барои дастгирии молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур ва Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” изҳори сипос менамояд ва умедворем, ки ин лоиҳа дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди соҳаи рӯзноманигорӣ, қонеъ намудани талаботи идораҳои ВАО бо кадрҳои варзида мусоидат менамояд ва минбаъд низ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд,-зикр кард Э.Сафарзода.
Дар идома устодони факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сухан ронда, зикр намуданд, дастури мазкур ҳамчун роҳнам ои омӯзишӣ донишҳои нав медиҳад, самту усулҳои наверо барои устодону шогирдон ошно месозад.
Таъкид гардид, ки дастури таълимии “Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав” дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо забони русӣ нашр шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду забон-русӣ ва тоҷикӣ нашр шуда, бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо ва дастрасии бештар пайдо кардани омӯзгорону донишҷӯён дастраси факултетҳои журналистика гардонида мешавад.