МАҚОМИ ШОИСТАИ ОМӮЗГОРРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

01-10-2018 Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст.
                                          Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи байналмилалии омӯзгорон ҳамасола дар аксари давлатҳои рӯи олам ҷашн гирифта мешавад. Бо ба инобат гирифтани меҳнату заҳмат ва қадрдонӣ аз мақому манзалати омӯзгор бо тасмими ЮНЕСКО (Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг), ки қароргоҳаш аз 5 ноябри соли 1958 шаҳри Париж (Франсия) муқаррар гардидааст, оғоз аз соли 1994 ҳар сол рӯзи 5-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии омӯзгор- ҳамчун иди касбии омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ҷашн гирифта мешавад. 
Замина барои муқаррар шудани Рӯзи омӯзгор ин баргузор шудани Конференсияи махсуси байниҳукуматии 5 октябри соли 1966 дар Париж бо ҷонибдории ЮНЕСКО ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат доиргардида ва ба тасвиб расидани санад дар бораи «Тавсияҳо доир ба мақоми омӯзгор» мебошад. Дар давраи салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 1 октябри соли 1980 якшанбеи аввали моҳи октябр, ки ба рӯзи якшанбеи 5-уми октябр рост меомад, ҳамчун Иди касбии омӯзгорон эълон карда шуд. Бо назардошти маҳз дар ин рӯз ба тасвиб расидани санади мазкур, ки нахустин ҳуҷҷати байналмилалии муайянкунандаи мақому шароитҳои омӯзгорон ба шумор меравад, ЮНЕСКО 5 октябри соли 1994 бори нахуст ин рӯзро Рӯзи байналмилалии омӯзгорон эълон намуд. Аз он ба баъд қисме аз давлатҳои рӯи олам маҳз ҳамин рӯз ва қисми дигар якшанбеи аввали моҳи октябрро ҳамчун Иди касбии омӯзгорон қайд менамоянд.  
Ба шарофати дастрасӣ ба соҳибистиқлолии миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, №98 якшанбеи аввали моҳи октябрро ҳамчун Рӯзи омӯзгорон эълон намуд. Соли 23-юм аст, ки Иди касбии омӯзгорон бо тантана таҷлил мегардад. Муаллим – омӯзгор – устод - фарде, ки ба илму таълим сару кор дорад. Илм, таълим, муаллим, олим мафҳумҳои ҳаммаъноянд. Шахси ба илму таълим сару кор дошта муаллим аст, ки аз навҷӯиву машғулиятҳои пайваста, бо шабзиндадориҳо илму роҳҳои наву муосири таълимро ҷӯё мешавад ва онро ба ташнагони илму донишу маърифат ҳидояту талқин менамояд. 
Муаллим барҳақ олим аст, олими рӯҳу сират,                                                                                                                                                                       тавоноиву хирад, маърифату фазилат. Офаридгор ҳам чунин пешаи пуршарафро ба муаллим, омӯзгор ва устод – «равшангарони хираду маърифати башар ва афрӯзандагони машъали илму донишу тавоноӣ» муносиб донистааст. Дарвоқеъ, касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмат аст. Ба таълиму тарбия, беҳтарин фазилатҳои неку писандида ва ҳамидаи инсонӣ ҳидоят намудан, хонондану фаҳмонидан ва аз худ карданро ёд додан, хубро аз бад фарқ кардану ба роҳи рост талқин намудан вазифаи муаллим – омӯзгор – устод – мураббӣ аст. Муаллим - омӯзгорро шахси мададгор, донандаи асрор, мушфиқу ғамхор, тарғибгари осор ва ровии ахбор, донанда ва талқингари ҳар қиссаву ашъор, парастор ва ба ҳар таҳсину тақдир сазоворро меҳисобанд. Муаллим- устод ахтари рахшандаи шамъи меҳру орзуҳои наҷибу тахайюлоти ширини одамӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хоса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».
Дарвоқеъ, касби омӯзгорӣ пешаи муқаддастарини рӯи олам аст. Омӯзгор ҳамчун тимсоли ақл, хирад, донишу заковат ва фарҳангу маърифат метавонад таккондиҳанда ва ташаккулдиҳандаи афкору асрор, ахлоқу ахбор ва дарки ҷаҳони маънавию ботинии инсон бошад.
Омӯзгор- фарди меҳварии соҳаи маорифи кишвар, фарде аз афроди омӯзгори зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазорнафараи соҳаи маорифи дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи афзалиятнок эътирофшуда, соҳаи аз ҷониби Сарвари давлат «...омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат» ва «…наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир» эътирофгардида мебошад, ки рушду инкишофи соҳаи мазкур ҳамчун «ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон»  ба шумор меравад. 
Дар кишварамон ба мақому мартабаи омӯзгор ҳамасола таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид намудани боби алоҳида (Боби 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор), ки фаъолияти омӯзгорӣ, ҳуқуқу озодиҳо, масъулият, ҳифзи шаъну шараф, имтиёзҳои омӯзгорон, дигар кормандони соҳаи маориф ва таъминоти моддии онҳоро кафолат медиҳад, нишонаи қадрдонӣ ва эҳтиром ба омӯзгорон аст.  
Боиси зикр аст, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз 28 июни соли 2011, № 14/44 “Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Санади мазкур низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбиро дар ҳамаи  зинаҳои таҳсилот муайян карда, муносибати байни омӯзгорон ва таълимгирандагон, ҳамчунин дигар аъзои  ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимию тарбиявиро танзим намуда, арзишҳои инсонӣ ва шаъну шарафи касбии омӯзгоронро ҳифз мекунад.
Тавсияномаи Мақоми омӯзгор ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбӣ асосҳои ахлоқи касбиро муайян карда, танзимкунандаи муносибатҳои байни омӯзгор ва таълимгирандагон, инчунин аъзои дигари ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ буда, барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ва кор, фазои мусоиди таълимиву омӯзиширо барои муоширати байни кормандон, тарбиягирандагони онҳо, падару модарон, инчунин дигар аъзои ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимӣ ва тарбиявӣ равона  шудааст. 
Мақсади асосии татбиқи меъёрҳои Мақоми омӯзгор баланд бардоштани фарҳангу маърифати кормандони соҳаи маориф, обрӯю эътибори омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таълимӣ мебошад. Мақоми омӯзгор дар асоси меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ, фарҳанги ниёгон, анъанаҳои демократии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, муқаррароти конститутсионӣ, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кӯдак муқаррар карда шуда, асосҳои  меъёрии онро меъёрҳои бунёдии башардӯстӣ, инсонгароӣ, касбият, адолатпарварӣ, масъулият, сабурӣ, озодфикрӣ, таҳаммулпазирӣ, шарикӣ ва ҳамрайъӣ (ҳамфикрӣ) ташкил медиҳад.
Тавсияномаи Мақоми омӯзгор омӯзгорро уҳдадор менамояд, ки вазифаи худро бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд иҷро намуда, дар фаъолияти касбии худ принсипҳои ахлоқу одоби умумиинсонӣ ва касбиро риоя  намояд ва нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои хеш содиқ бошад.
Таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Сарвари давлат ба соҳаи  маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа хеле зиёд аст. Ба андозаи муайян зиёд шудани маоши омӯзгорон, махсусан дар арафаи оғози соли нави таҳсил зиёд шудани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф ва таваҷҷӯҳи хоса ба зисту зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ ба омӯзгорон далели боэътимоди ғамхории рӯзафзуни ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Дар 27-соли соҳибистиқлолии кишвар қисми зиёди муассисаҳои таълимии кишвар азнавсозӣ, бозсозӣ ва таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин карда шуданд, ки ин ҳам пеш аз ҳама нишонаи ғамхориҳо ба аҳли маорифи кишвар, бахусус омӯзгорон аст. Омӯзгорони имрӯза бо нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯи стандартҳои давлатӣ, китобҳои дарсӣ, муосиртарин воситаҳои таълимӣ ва шабакаҳои замонавии иҷтимоӣ дастрасӣ доранд ва дар раванди таълим аз он самаранок истифода мебаранд. Ин омил мусоидат ва далолат бар он менамояд, ки сатҳу сифати таҳсилот баланд бардошта шуда, таълимгирандагон ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ бештар ҳидоят карда шаванд ва насли имрӯзи ояндаи миллатро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия ва ба камол расонанд.
Мусаллам аст, ки рушду ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобастагии амиқ дорад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек пеш аз ҳама нақши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузург аст. 
Хулосаи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти соли 2017, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 4 нишондиҳанда: - дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон дар ҷойи 54-ум ва дар доираи собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалин эътироф намудаанд, пеш аз ҳама саҳми омӯзгорон дар партави ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва амалӣ шудани як қатор ислоҳоту иқдомоти соҳаи маориф ба шумор меравад.
Ҳавасмандии моддиву маънавӣ - омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахши таълим ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад. «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад»- зикр карда буданд Президенти кишвар дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз 20-уми марти соли 2003. 
Мақому мартаба ва қадршиносии омӯзгорон пеш аз ҳама ба таваҷҷуҳу ғамхории ҷомеа ва дастгирии ҳар фарди соҳибмаърифат  вобастагӣ дорад. Рушду пешрафти ҷомеа, баргузорӣ ва шукӯҳу тантанаҳои ҳамагуна чорабиниҳо, равнақу шукуфоӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, дарку эҳсоси ватандӯстӣ, пойдорӣ ва устувории сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ, талқини муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, тарғиби таъриху фарҳанг ва амнияти миллӣ пеш аз ҳама ба омӯзгорон вобастагии амиқ дорад.  Пас арзанда аст, ки: 
- ба хотири гиромидошти омӯзгор ҳамчун рамзи «тимсоли ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии миллат» (баҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳия ва ҳатто шаҳраку ҷамоатҳо мавзеъ ва ё гӯшаеро бо гузоштани муҷассамаи рамзии Омӯзгор дар иҳотаи гулгашту фароғатгоҳҳо, осорхонаю китобхона, дукони фурӯши китобу рӯзнома ва маҷалла, сайру гашт, ки зиёратгоҳи ҳамешагии шаҳрвандон ва макони баргузории чорабиниҳои маърифатӣ бошад, бунёд карда мешуд. Навхонадорон ҳамчун рамзи эҳтиром ба устод- ба ҳидоятгару  раҳнамо ва волидайни маънавии ҷомеа ҳангоми маъракаи хонадоршавӣ гулгузорӣ ва эҳтиром ба устодро- назди пайкараи рамзии Омӯзгор, ки шогирдон меҳнату заҳмати ӯро ҳамчун «Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст» меҳисобанд, ба ҷо меоварданд ва арҷгузорӣ мекарданд;
-ба манфиат аст агар шабакаи мустақими телевизионии соҳаи маориф, ки ҳидоятгару тарғибгари дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қонуну қарор, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, дастовардҳо, таҷрибаҳои пешқадам, таърихи соҳа, иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, методӣ, илмӣ, таълимӣ ва амсоли ин бошад, таъсис дода мешуд;
-ба муассисаҳои таълимиву илмӣ ва омӯзгорони фаъолу ҷӯянда ва эҷодкор дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ шаклҳои дигари алтернативии маблағгузориҳо, фондҳои инноватсионӣ, маблағҳои хусусии ташкилотҳо, инвеститсияҳои хориҷӣ, кумаку дастгириҳои соҳибкорони инфиродӣ ва манбаъҳои дигаре, ки ҷалби онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ҷудо карда мешуд;
- ба ғолибони озмуни «Муаллими сол» нишондоди моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба инобат гирифта шуда, ҷиҳати ҷустани роҳҳои дигари ҳавасмандкуниҳо чораҳо андешида мешуд;
- иқдоми муассир мебуд агар ҳамасола ба омӯзгорони муваффақ, ғолибони озмунҳо, омӯзгорони эҳтиёҷманд ва омӯзгорони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (анъанаи Ҳукумати шаҳри Душанбе), соҳибкорони маърифатпеша ва шахсони алоҳида калиди ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо тантана тақдим мегардид. 
Ҳавасмандии моддиву маънавӣ омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахши таълим ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад. «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад»- зикр дошта буданд Президенти кишвар дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз 20-уми марти соли 2003.  
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ғамхориву раҳнамоӣ, дастуру ҳидоят ва хираду маърифатпешагиашон Тимсоли Бузурги Омӯзгори Башарро мемонанд, ҳанӯз дар суханронӣ дар машварати ҷумҳуриявии коркунони соҳаи маориф аз 28 августи соли 1995 таъкид дошта буданд: «То замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистае муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст. Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».
Дарвоқеъ, имрӯз ҳар фарди ҷомеа лаҳзае бояд биандешад, ки дар ташаккули шахсият, ҷаҳони ботинӣ ва ҳаёту мамоти ӯ омӯзгор чӣ нақше дорад ва чӣ нақше гузоштааст!? 
Аз ҳакими оқилу доно ва дар ҳалли мушкилот тавоно пурсидаанд: - барои чӣ муаллими худро беш аз падар таъзим мекунӣ ва ҳурмату эҳтиромашро ҳамеша ба ҷо меорӣ? Гуфтааст: Падар маро аз олами малакут ба замин овард ва устод маро аз замин ба осмон - ба олами малакутӣ расонд.  
               Раҷабалӣ Сангов - сардори шуъбаи таъминоти
                                 ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф 
                                 ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон