МАОРИФ ДАР НИЗОМИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

06-12-2023
6 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” дар меҳмонхонаи Ҳилтон оид ба “Барномаи баррасии ҳисоботи муштараки соҳаи маориф” ҷаласа баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовинони вазири маорифи ва илм, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф”, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ҷамшед Ҷӯразода зимни сухани ифтитоҳӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд. Муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, яке аз омилҳои рушди соҳа маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мебошад, ки сол то сол афзоиш пайдо мекунад.
Дар идома, масъалаҳои соҳаи маориф дар низоми иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи маориф, рушди таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас дар доираи масъалаҳои ироашуда миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани донишҳои иқтисодиву ҳуқуқии кормандони соҳа ва сарфакории буҷети давлатӣ дар рушди соҳа яке аз омилҳои таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон