МАОРИФЧИЁН ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ДАСТАҶАМЪОНА ТАМОШО КАРДАНД

21-12-2021
21-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақиман тамошо карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо ибрози назар карданд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.  
-Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд, - таъкид доштанд Пешвои миллат. 
Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон қариб бо 180 давлати дунё робитаи байналмилаливу дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоратӣ -иқтисодӣ дорад.  
Бахтовар САФАРОВ