МАОРИФЧИЁН ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ДАСТАҶАМЪОНА ТАМОШО КАРДАНД

26-01-2021
   Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тавассути шабакаҳои телевизионї мустақиман тамошо карданд.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
   Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём аз ҷумла, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. 
   Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин, наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар татбиқи эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.
   Сарвари давлат, ҳамзамон, афзуданд, ки соли равон маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардидаи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд карда мешавад.
   Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал соли 2019 баргузор гардид ва ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ тақдим карда шуд. Дар соли 2020 бошад, ғолиби Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ маблағ ба даст овард.
   Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳамасола дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории озмун барои дарёфти Ҷаизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис ёфт, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад.
   Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин, ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад.

Суннатуллоҳи Мирзо