“МАОРИФИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ”

22-04-2022
22-юми апрели соли ҷорӣ дар толори Федереатсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мавзуи “Маорифи миллӣ: дастовард ва мушкилот аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва иттилооти Шӯрои ҷамъиятӣ Фарҳод Раҳимӣ, котиби ҳамоҳаҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Нуралӣ Саидов, намояндагони Маҷлиси миллӣ, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро раиси Кумита оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва иттилооти Шӯрои ҷамъиятии ҶТ Фарҳод Раҳимӣ кушода, сухани ифтитоҳиро ба мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Шуҳрат Азиззода дод. Ш.Азиззода аз сиёсати маорифпарваронаи давлат дар давраи Истиқлол, нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳа ҷонибдорӣ карда, қабули асноди гуногуни меъёриву ҳуқуқӣ, ташкили озмунҳо, рушди маблағгузорӣ, ифрасохтор, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, истифодаи технология, таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ, китобҳои дарсиро аз ҷумлаи пешравиҳои замон дар соҳа арзёбӣ намуд.
Нуралӣ Саидов баррасии мавзуи матраҳро аз нуқтаи назари ҷомеаи шаҳрвандӣ амри зарурӣ ва талаби замон дониста, зикр кард, ки аслан бори аввал нест, ки ин мавзуъ дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор мегирад. 
– Соли 2010 ин мавзуъро мавриди баррасӣ қарор дода будем, бо эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасии ин мавзуъ зарурати дигарбора пайдо кард, - гуфт ӯ. 
Фарҳод Раҳимӣ дар идомаи суҳбат зикр кард, ки зарурате пайдо шудааст, ки Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул карда шавад. Ин пешниҳод ҳанӯз 10 сол пеш аз ҷониби Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, аммо қабул нагардид. Агар қонуни мазкур қабул ва амалӣ гардад, беҳтарин омили дастгирии омӯзгор ва болоравии нуфузи ӯ мешавад, 
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар мавзуи “Маорифи миллӣ: дастовард ва мушкилот аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ” суханронӣ кард. 
Зикр шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду нумуи соҳаи маориф зиёда аз 500 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки аз муваффақиятҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият мебошад. 
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар даврони аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ зоҳир мегардид, фаъолияти муассисаҳои томактабӣ буд. Айни замон фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ тадриҷан афзуда, теъдоди ин гуна муассисаҳо ба 696 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 101 ҳазору 170 нафар расидааст. 
Таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак аз дастовардҳои дигари соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Агар дар ибтидои соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 14 марказ таъсис дода шуда бошад, ҳоло шумораи он ба ба 1810 адад расид, ки дар онҳо 51265 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. 
Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат намуда истодааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 200 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии беш аз 10000 кӯдак фаъолият менамояд. 
Соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард. Ин рақам дар соли 2021 ба 3940 адад расид, ки зимни муқоиса дар ин давра миқдори мактабҳо 761-то зиёд шудааст. 
Кушода гардидани мактабҳои типи нав ва ҷараён гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузургеро ба вуҷуд овард. Агар соли 1991-1992 1 мактаби типи нав (гимназия ва литсейҳо) фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2021 шумораи ин муассисаҳо ба 156 адад бо фарогирии 101717 нафар хонанда расидааст. 
Ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар самти ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ дар дохили кишвар, аз як тараф, боиси пешгирии ҳама гуна бенизомиҳо дар соҳа шуда бошад, аз ҷониби дигар, сабаби рушди корхонаву ширкатҳои ноширии ватанӣ ва ба вуҷуд омадани ҷойҳои зиёди корӣ гардид.
Дар умум, аз соли 2000 то нимсолаи якуми соли 2021 702 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори 46 млн 618 ҳазору 432 нусха аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зина ба зина нашр ва дастрас гардонида шудааст. 
Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 ин нишондиҳанда 707,3 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад, 3 млр. 103 млн. 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар давоми солҳои 1991-2021 дар маҷмӯъ, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3234 бинои муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои таълимии иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 693817 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудааст. 
Дар идома вазир доир ба фаъолияти мактаб-интернатҳо, таъминоти кадрӣ, фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дастгирии донишҷӯёну омӯзгорони ин зинаҳои таҳсилот, фаъолияти илмию инноватсионии вазорат, омодасозии кадрҳо дар хориҷи кишвар ҳисобот дод.
- Соҳаи маориф аз соҳаҳои калидиест, ки на танҳо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ дорад, инчунин тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандии он ба ин соҳа эҳтироми хоса доранд ва аз бурду бохт, рушду нумуи он мунтазам тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар мекунанд,-зикр кард дар идома Р.Саидзода. - Дуруст аст, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар минбари баҳси мардум атрофи мактабу маориф ва мушкилоти он гаштааст. Бартарӣ дар он аст, ки ниҳоди масъули соҳа – Вазорати маориф ва илм пайваста дар пайи омӯзиши афкори ҷомеа фаъолият карда, чорандешӣ менамояд. Таъсис додани сомона, саҳифа гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ минбари баҳсро барои аҳли ҷомеа фарогиртар гардондааст. Имрӯз саҳифаи махсус барои гирдоварӣ ва омӯзиши фикру мулоҳизаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо номи “Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм”, “Маорифи Тоҷикистон” ва ғайра амал мекунанд, ки рӯзе даҳҳо пешниҳоду тавсияҳо гирифтаву ба арзу шикояти даҳҳои дигар мусоидат менамояд. 
Агар навиштаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем, мебинем, ки дар онҳо, дар навбати аввал, сухан дар бораи мақоми омӯзгор, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим меравад. Ба ибораи дигар, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз мақоми омӯзгор коста гардидааст, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони соҳикасб намерасад ва сатҳу сифати таълим ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нест. Ҳамаи ин боис гардидааст, ки имрӯз омӯзгорон тарки касби омӯзгорӣ карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ё дар самти дигар ба фаъолият шуруъ мекунанд. 
Ба андешаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кам будани музди маош ва афзоиш ёфтани нархи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ, муҳайё набудани шароити, ҷалби омӯзгорон ба корҳое, ки ба ҷараёни таълиму тарбия дахл надоранд, иҷро нашудани имтиёзҳои барои омӯзгорон муқарраргашта, сатҳи пасти сифати идоракунӣ аз ҷониби шахсони масъули соҳаи маориф дар маҳалҳо, муҳити носолими психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ба вазифаи директор ва муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъин кардани ҷавонони бетаҷриба, мавҷуд будани ноҳаққиҳо дар муносибати байнишахсӣ миёни субъектони раванди таҳсилот, ғайриқаноатбахш будани шароити кор, норасоии маводи таълимӣ, инчунин пастсифат будани онҳо ва ғайра сабабҳои тарки фаъолияти касбӣ намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардидаанд.
Ба андешаи мо, таҷдиди назар кардани имтиёзҳои иҷтимоӣ - сабукӣ дар супоридани пули барқ, бо сӯзишворӣ таъмин намудани омӯзгорон, андоз аз замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани маблағ барои сохтани манзили истиқоматӣ дар деҳаҳо, барҳам додани санҷишҳои беасос аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, танзим намудани ҷалби омӯзгорон ба корҳои хоҷагидорӣ ва берун аз таълиму тарбия, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани кормандони ботаҷриба, ройгон таъмин намудани омӯзгорон ва фарзандони онҳо бо китобҳои дарсӣ, додани имтиёз ба фарзандони омӯзгорон, пардохти иловапулӣ, фароҳам сохтани шароити корӣ, кам кардани сарбории ҳафтаинаи омӯзгор ва ғайра барои пешгирии тарки фаъолият намудани омӯзгорон шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм тадбирҳо андешида истодааст.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо проблемаву мушкилоти соҳаи маориф огоҳ буда, мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳои худро баён мекунанд. Дар ин раванд, Вазорати маориф ва илм ба назару андешаи ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандӣ арҷ мегузорад ва пешниҳодҳои мардумро таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиву мушкилот тадбирҳо меандешад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, хусусан таклифу пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Вазорати маориф ва илм барои рушди соҳа ҳаллу фасли проблемаву мушкилоти зеринро зарурӣ медонад:
1. Дар самти таҳсилоти томактабӣ зиёд намудани сохтмони муассисаҳои томактабӣ; давра ба давра фарогирии муттасил ва зиёди кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон; тайёр намудани мураббияҳо, табибон, омӯзгорони мусиқӣ; дар асоси арзишҳои суннатӣ ва миллӣ таҳия ва чоп намудани дастуру маводи таълим; таъсиси кӯдакистонҳои кӯтоҳмуддат ё дигар намуди кӯдакистонҳои оилавӣ дар минтақаҳое, ки кӯдакистонҳо вуҷуд надорад; баргардонидан ва барқарор намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатие, ки аз ҷониби мақомоти дигар ғайримақсаднок азхуд карда шудаанд.
2. Дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ мондани сохтмони мактабҳо; таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; ташкили гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб; таъсиси истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистона ва майдончаҳои солимгардонӣ; фаро гирифтани ҳар чи бештари кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ нуқсдошта дар мактаб-интернатҳо. 
3. Дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; дар асоси нақшаву барномаҳои таълимӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва бадеӣ; таъсиси технопаркҳо ва дигар намуди корхонаҳои хурди таълимию истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
4. Дар самти таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани омӯзгорони забони давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони ғайридавлатӣ; таҳияи механизми нави тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; ба роҳ мондани таълими инфиродӣ; таҳияи моделҳои гуногуни тайёрнамоии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар; ба роҳ мондани фаъолиятмандии академии донишҷӯёну ҳайати омӯзгорону профессорон; мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
5. Дар самти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ташкили Парки илмию техникии ҷумҳуриявӣ дар сохтори Вазорати маориф; таҷдиди назар намудани мавзуъҳои илмии фармоишии соҳаи маориф; ривоҷ бахшидан ба робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва устодон; барқарорсозии ҳамкориҳои дутарафаи илмии донишгоҳу донишкадаҳо бо муассисаҳо ва марказҳои илмию тадқиқотии хориҷи кишвар; 
6.Дар самти банақшагирӣ ва иқтисодиёт пардохти иловапулӣ ба кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои низомашон махсус фаъолият менамояд; давра ба давра гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба маблағгузории сарикасӣ; манзур намудани пешниҳодҳо оид ба хизматрасонии тиббии ройгон барои таълимгирандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимӣ.
7. Дар самти робитаҳои байналмилалӣ зиёд намудани бурсияҳои давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар; ҷалби институтҳои байналмилалӣ, донорҳо барои дастгирӣ ислоҳоти соҳаи маориф; таъсис додани воҳидҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба мақоми корманди дипломатӣ дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон.
8. Дар самти кадрҳо давра ба давра ҷорӣ намудани имтиёзҳои омӯзгорон, ки дар қонунҳои амалкунандаи соҳаи маориф дарҷ шудаанд.
9. Дар самти сектори хусусии соҳаи маориф тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
Баъд аз баромади вазир, ки дар меҳвари асосии ҷаласа қарор дошт, аз ҷониби иштирокдорон беш аз 30 савол пешниҳод гардид, ки аз ҷониби вазир посухҳои мушаххас дода шуд.
Дар бахши музокира ва пешниҳодҳо, аз ҷумла, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода диққати ҳозиринро ба се ниҳоди асосӣ ва ғамхорӣ ба ин ниҳодҳо ҷалб намуд: мактаб-оила-ҷомеа.
– Мактаб фариштаи нур аст, – гуфт ӯ, – он бояд нафратро надонад, он манбаи муҳаббати омӯзгор ба хонанда буда, ӯро бояд дар рӯҳияи садоқатмандӣ ба ватан тарбия диҳад. Дар он ба хонанда нур, меҳр ва муҳаббат дода мешавад. Аз ин рӯ, бояд ба ин макони муқаддас эҳтиром гузошт, онро дастгирӣ кард. Омӯзгор шахсест, ки дар ин даргоҳ инсон месозад, Пас, бояд мақоми ӯ аз ҳама боло бошад, ба омӯзгор эҳтиром бояд гузошт, то ӯ тавонад, аз фарзандони мо инсонҳои комил созад. Оила барои бо мактаб робитаи солим доштан бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ тинҷу осуда бошад. Ҷомеа бояд солим бошад, ба кӯдакон таъсири мусбат расонда тавонад. Ин ҷомеа маҳз дар натиҷаи робитаи солиму устувори ҳар яки мо зуҳур мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ низ дар робита ба ҳифзи арзишҳои милливу инсонӣ, ба омӯзгор мақоми баланд доданро таъкид кард. Дар зимн аз мушкилоту сарбориҳои омӯзгор, аз ҷумла, обуна, фурӯши китобҳои дарсӣ, маблағи таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони тасодуфӣ ёдовар шуда, пешниҳод кард, ки роҳҳои ҳалли ин масъалаҳоро бояд ҳар чи зудтар дарёфт.
Раиси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода иброз дошт, ки мо дар давраи гузариш ба арзишҳо қарор дорем. Хуб мешавад, ки таъйиноти тамоми роҳбарони зерсохторҳои соҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сурат гирад.
– Дигар, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонон мушкилоти Вазорати мудофиа аст, на аз Вазорати маориф ва илм. Чаро бояд нақшаро аз ҳисоби донишҷӯёну магситрону омӯзгорон пур кард? – изҳори нигаронӣ кард ӯ.
Дар идома дар бораи конспект навиштани омӯзгорон, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, қабули бонизоми шаҳрвандон аз ҷониби тамоми муассисаҳои таҳсилоти касбӣ андешаронӣ намуд.
Раиси Шӯрои ВАО Ҳуринисо Ализода ба бурду бохти соҳа аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ назар карда, аз ҷумла, пешниҳод кард, ки дар робита ба баъзе ҳолатҳо дар мисоли норизоӣ аз низоми кредитӣ, интихоб ё таъйини кадр, баргардондани истилоҳи “мактаб” ба ҷойи худ, бештар гардондани ҷойҳои буҷавӣ ба хотири ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ, амалӣ нашудани барномаҳои давлатӣ, низоми тестӣ, фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ, мушкил пайдо кардани рухсатии муаллимаҳо ба таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва чанде дигар чораҳои таъхирнопазир дида шавад.
Дар анҷом Фарҳод Раҳимӣ бори дигар аз дастовардҳои Истиқлол дар соҳаи маориф ёдовар шуд. Изҳори итминон шуд, ки ҷомеаи шаҳварндӣ маҳз бо пешниҳодҳои судманд метавонад дар мушкилоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани маорифи милливу мақоми омӯзгор таъсир гузорад. Дар ин кор ҳар яки мо бояд мавқеи худро нишон дода тавонем.