МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ КИШВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ХИРАД МОРО БА ДОНИШ РАҲНАМУН АСТ..”

18-05-2024
Имрӯз, 18 майи соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Маросими тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали вазири маориф ва илм оғоз намуда, қайд дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат ба самти маориф ва илм ин соҳа рушд намуда, ҳамасола як қатор озмуну олимпиадаҳо миёни донишҷӯёну хонандагон баргузор карда мешавад. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо беҳтар намудани сифати таҳсилот ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни лаёқатманд ва соҳибистеъдод мебошад. Имрӯз низ мо шоҳиди баргузории чунин олимпиада гардидем. Олимпиадаи мазкур дар фазои сулҳу салоҳи Тоҷикистони азиз ва бо дарки ҳисси масъулият аз ҷониби иштирокчиёну масъулин доир гардида, боиси кашфи истеъдодҳои нав гардид, ки дар оянда барои давлату миллат софдилонаву содиқона хизмат менамоянд.
Дар идома маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар фазои тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар олимпиадаи имсола 470 нафар донишҷӯ аз 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 47 нафар сазовори чойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 19 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи сеюм гардида, бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон