МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

08-06-2023
Имрӯз, 8 июн дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Рустамзода иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ вазири маориф ва илм қайд намуд, ки соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 8243 нафар хонандаи болаёқат фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаи иштироки онҳо бо дарёфти 2933 ҷойи ифтихорӣ (147 медали тилло, 573 медали нуқра ва 2213 медали биринҷӣ) ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд, ки ин нишондодҳо нисбат ба соли 2022 аз рӯи иштирок 1713 нафар (20,8 фоиз) ва дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ 200 адад (6,8 фоиз) зиёд мебошад.
Натиҷаи ҷамъбасти иштирок ва дастовардҳои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар ин мусобиқаҳо соли равон аз рӯи иштирок 1863 нафар ва дастовардҳо 395 ҷойи ифтихорӣ (27 медали тилло, 86 медали нуқра ва 282 медали биринҷӣ)-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 аз рӯи иштирок 536 нафар (29,0 фоиз) зиёд мебошад.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар соли 2023 дар муқоиса бо тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Исфара ва Спитамени вилояти Суғд, Данғара, Восеъ, Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Литсей барои хонандагони болаёқат, Литсей №2 барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8,12,31 ва 56-и шаҳри Душанбе саҳми бештару назаррас нишон доданд.
Дар давоми маросими ҷоизасупорӣ чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон