МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ …» БАРГУЗОР ГАРДИД

30-12-2019
28-уми декабри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тантанаи ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид. 
Дар маросими супоридани ҷоизаҳо А.Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Н.Саид вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбекзода вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Мирализода директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмун, волидайни иштирокдорон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.
Чорабиниро А.Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».
Сипас, А. Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун — 50 000 сомониро ба хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо тақдим намуд.
  Дар идомаи чорабини ғолибони чор номинатсия бо маблағҳои муайяншуда қадрдонӣ гардиданд:
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Сарфарозиддин Имрониддинов.
Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.
Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.
Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:
Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.
Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои Азизиён.
Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.
Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.
Маврид ба ёдоварист, ки аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм ба Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ба як нафар ятими кулл аз вилояти Суғд ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ва ҳашт нафар ишиторчиёне, ки дар озмун дониши баланд нишон доштанд бо маблағи 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, ба ғолибони дигари озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм диплому ифтихорномаҳо супорида  шуд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм