МАСЪАЛАИ РУШДИ БАРВАҚТИИ КӮДАК БАРРАСӢ ГАРДИД

15-03-2019
Рӯзҳои 14-15-уми марти соли чорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Бонки чаҳонӣ семинари машваратии байниидоравӣ дар мавзӯи “Рушди барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт. 
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Камолзода, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва идораву ташкилотҳо иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Х. Юсуфӣ-муовини раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки масъалаҳои баррасишавандаи ҳамоиш заминаи хубе барои рушди барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд гашт. Сипас, М. Сафолзода - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа маърӯза намуда, таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, зиёд намудани шумораи онҳо дар қаламрави кишвар судманд арзёбӣ намуд.
Дар баромади худ Ян Питер Олтерс-намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфтани ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки семинари имрӯза метавонад ба руши барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир расонад.
Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми кишвар иброз дошт, ки дар робита бо амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими  томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар  самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак низ корҳои муайян амалӣ карда шуд. Шумораи чунин марказҳо сол то сол рӯ ба афзоиш оварда, шумораи кӯдакони фарогирифта  меафзояд. Агар чунин марказҳо дар ҷумҳурӣ соли 2016-1465 адад ба фарогирии 35211 нафар кӯдак фаъолият карда бошад, пас, ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 1697 адад расид, ки дар онҳо 46360 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ,  дар  кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак 142938  нафар кӯдак ба таълиму тарбияи аввалин фаро гирифта шудаанд, ки 14,5% кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳанд. Дар интиҳои сухани хеш вазири кишвар ба намояндагони Бонки чаҳонӣ ва дигар шарикони рушд, ки дар ташкили ин машварат саҳм гирифтанд, арзи сипос намуда, бо итминони комил иброз дошт, ки назару андешаҳои  иштирокдорони ин машварат ба рушди низоми таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Камолзода, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Харри Патринос, сармутахассис оид ба соҳаи маориф С. Базарова ва мутахассис доир ба соҳаи тандурустӣ Иан Форд суханронӣ намуданд.
Бахши якум зери унвони “Тандурустӣ, озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ”, бахши дуюм зери унвони “Тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол” ва бахши сеюм зери унвони “Маблағгузорӣ ба руши барвақтии кӯдак” кори худро идома дод, ки дар он мутахассисон-иштирокдорони ҳамоиш маърӯза ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, ба иштирокдорон вобаста ба рушди барвақтии кӯдак аз таҷрибаи кишварҳои Чилӣ, Финляндия, Автралия пешниҳод гардида, доир ба ташхиси рушди барвақтии кӯдак, таҷрибаи миллию ҷаҳонӣ, тавсияҳо ва қоидаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. 
Зимни ҷамъбаст фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти иштирокдорон шунида шуд.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО