Масъалаи рушди маориф-дар муҳокимаи сатҳи байналмилалӣ

24-05-2018
24 майи соли равон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ зери унвони «Омӯзиш ҳамчун воситаи татбиқи дурнамои рушд» ҷамъомад баргузор гардид. Бояд гуфт, ки чунин ҳамоиш ҳамасола аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта, маводи арзишманд оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони имрӯза таҳия ва пешкаши ҳамагон гардонида мешавад ва таҳқиқоти имсола ба масъалаҳои маориф бахшида шуд. 
Дар оғоз ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода баромади пурмуҳтаво карда, вобаста ба роҳҳои ислоҳот ва рушди соҳаи маориф, ки аз масъалаҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт рушд меёбад, сухан ронд. Қайд кард, ки Ҷаноби Олӣ пешниҳодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи роҳҳои ислоҳот ва рушди соҳа ҳамеша дар маърази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аҳли маорифро лозим меояд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ба тағйироти куллӣ ноил гарданд. 
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни баррасии масъалаҳои умдаи соҳаи маориф аз ҳамкориҳои босамар ва манфиатбахши Вазорати маориф ва илми кишвар бо Бонки ҷаҳонӣ, ки торафт вусъат меёбад ва он боиси пешрафти бисёр самтҳои соҳаи маориф гаштааст, изҳори назар кард.
Рӯнамоии «Маърӯза оид ба рушди ҷаҳонӣ 2018. Омӯзиш ҳамчун воситаи татбиқи дурнамои рушд» аз ҷониби директори соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ хонум Кейко Мива пешниҳод гардид. Мавсуф зимни таҳлили ислоҳоти соҳаи маориф ва дурнамои он бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар давлатҳои гуногун аз ҷадвалу диаграммаҳои аёнӣ истифода бурда, роҳу усулҳои нави татбиқи онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои нави ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо сохторҳои маорифи кишварро  мавриди баррасӣ қарор дод. Байни иштирокчиён- намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм ва директори соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ хонум Кейко Мива ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс оид ба масъалаҳои зикршуда саволу ҷавоб ва гуфтугӯи манфиатбор доир гардид. 
Сипас, оид ба мавзӯи «Дурнамои маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр амалӣ сохтан мумкин аст?» бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, модератор, мутахассиси калон оид ба маорифи Бонки ҷаҳонӣ С. Бозорова, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Раҷабова, муовини сардори идораи рушди сектори иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ф. Фархутдинов ва дигар иштирокчиён гуфтугӯи судманд доир гардид, ки дар маҷмӯъ ба дурнамои рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Бонки ҷаҳонӣ дар ин бобат бахшида шуда буд.