МАШВАРАТ БО ИШТИРОКЧИЁНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

20-06-2024
Имрӯз, 20-уми июни соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо иштирокчиёни даври сеюми семинари омӯзишии татбиқи низоми баҳогузории 10-хола суҳбату машварат намуд.
Зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки ба хотири мувофиқ ба стандартҳои миллӣ намудани низоми 10-холаи баҳогузорӣ лозим аст, ки дар семинарҳои омӯзишӣ омӯзгорону мутахассисони варзида ҷалб карда шаванд ва фикру андеша ва пешниҳодҳои онҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар рафти суҳбат вазири маориф ва илм бештар ба масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсию бадеӣ, фарогирии хонандагон ба муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон диққати иштирокчиёни семинарро ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои ҳар як омӯзгор ва хонанда донистани ду забони хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар навбати худ ширкаткунандагони семинар аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат сипосгузорӣ намуда, барои пеш бурдани фаъолияти кори омӯзгорӣ таклифу пешниҳодҳо намудаанд. Иштирокдорони семинар иброз доштанд, ки низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ба дониши воқеии хонандагон баҳои мувофиқ гузошта шавад ва онҳо ба омӯзиш бештар ҳавасманд гарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм дар доираи амалишавии лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ мондани баҳогузории бисёрхола тибқи талаботи “Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ дар се марҳила аз санаи 10.06.2024 то санаи 20.06.2024 бо иштироки омӯзгорони синфҳои ибтидоии асосӣ, миёнаи умумӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва омӯзгорони синфҳои болоӣ баргузор гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон