МАШВАРАТИ АВГУСТИИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

29-08-2023
29 августи соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф машварати августии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
Дар ибтидои ҷаласа муовини вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти иловагӣ изҳори миннатдорӣ намуда қайд кард, ки сол аз сол таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба рушди самти таҳсилоти иловагӣ бештар шуда истодааст. Сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар соли 2022 ва ба истифода додани бинои нави Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2023 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мисол шуда метавонад.
Сипас суханронии намояндагони марказҳои таҳсилоти иловагии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат вобаста ба фаъолияти муассисаҳои мазкур шунида шуд.
Дар охир муовини вазир ба ҳамаи иштирокчиёни машварат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯсти комёбиҳо таманно намуд.


Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон