МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ДАР 65-УМИН ОЛИМПИАДАИ УМУМИҶАҲОНИИ БОНУФУЗИ ОЛАМ «IMO» БА ШАҲРИ ЛОНДОНИ ШОҲИГАРИИ БРИТАНИЯИ КАБИР САФАРБАР ШУДАНД

15-07-2024
Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO» бонуфузтарин сабқати илмӣ аз фанни математика дар ҷаҳон аст, ки ба он 110 кишвари олам шомил шудааст ва имсол зиёда аз 600 ҷавони болаёқати ҷаҳон дар Донишгоҳи Бати Шоҳигарии Британияи Кабир бо ҳам сабқати илмӣ мекунанд.
Дар Олимпиадаи мазкур дастаҳои иборат аз шаш нафарӣ байни наврасони синну соли 14 то 18-сола ду рӯз пайиҳам ду имтиҳон месупоранд. Ҳар як имтиҳон чоруним соат давом карда, дорои се масъалаи душворест, ки аз ҷониби олимони дунё пешниҳод ва интихоб шудаанд.
Ғолибон бо медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва мукофотҳои фахрӣ қадрдонӣ мешаванд.
Олимпиада аз 13 то 22 июл идома ёфта, дастаи мунтахаби мамлакатро 6 нафар хонандагон аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе, Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Душанбе ва Филилали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор муаррифӣ менамоянд.