МАЗМУНУ МУҲТАВОИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД

20-11-2020
 
   20-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илм, Нуриддин Саид - раиси Кумитаи телевизион ва радио, Фарҳод Раҳимӣ - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода - раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар мавзӯи “Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат” семинари илмию машваратӣ ва таҳлилию методӣ баргузор гардид.
   Зимни ифтитоҳи семинар таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ ҳамеша ба соҳаҳои маорифу илми кишвар, ки дар он насли ояндасози Ватан тарбия меёбад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Масъалаи беҳтар шудани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо низ борҳо дар суханронии Пешвои муаззами миллат таъкид шудааст. Дар доираи ин дастурҳои Президенти мамлакат ва тадбирҳои ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим азнавсозии мазмуни таҳсилот, таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ шурӯъ гардид. 
   Дар кори семинар А. Раҳмонзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, М. Имомзода - вазири маориф ва илм, Н. Саид - раиси Кумитаи телевизион ва радио, Ф. Раҳимӣ - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, М. Давлатзода – директори Маркази исломшиносӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки муҳимтарин дастоварди Вазорати маориф ва илми кишвар дар ду даҳсолаи охири замони истиқлол нашр ва дастраси хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонидани китобҳои дарсӣ мебошад. Дар баробари ин, дар китобҳои дарсии равияҳои гуманитарӣ баъзе афкори бегона ва матнҳои ба ғояҳои миллию худшиносӣ номувофиқ ворид гардидаанд, ки ин норасоиҳо дар нашрҳои минбаъдаи китобҳои дарсӣ ба таври ҳатмӣ бояд ислоҳ карда шаванд.
   М. Имомзода - вазири маориф ва илм зикр кард, ки таълиф ва таҳияи китобҳои дарсии орӣ аз хусусиятҳои динию хурофотӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир, яъне, такя ба дунявият, ҷаҳонбинии илмӣ ва дидгоҳи миллӣ, тадриси дурусти онҳо ба хонандагон яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда ба самаранокии мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ташаккули тафаккури дунявӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
   Инчунин, дар рафти семинар як қатор муаллифони китобҳои дарсӣ ва иштирокдорон, аз ҷумла, устодон Т. Зиёев, Ю. Яқубов, М. Забирзода, М. Мирзоева, С. Аҳмадов, Ҳ. Камол, С. Аминов, А. Байзоев, Н. Асадзода ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро манзур карданд.
   Дар охир Абдуҷаббор Раҳмонзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории семинари мазкур ислоҳи камбудиҳо ва дар рӯҳияи худшиносию тафаккури миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳамзамон, зарур аст, ки стандартҳои давлатии зинаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, барномаҳои таълимӣ аз нав таҳия ва минбаъд дар асоси стандарту барномаҳои нав китобҳои дарсӣ таълиф гарданд.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон