МЕҲРОНА ҶӮРАБОЕВА-ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ "МАЛИКАИ НАВРӮЗӢ"

19-03-2022
18-уми марти сол равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни "МАЛИКАИ НАВРӮЗӢ" баргузор гардид. 
Дар чорабинии мазкур сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода иштирок намуда, ҳадафи асосии озмуни мазкурро фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдоди шахсият, баланд бардоштани дарки зебоипарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд намудани онҳо ба касбу ҳунар унвон намуд. 
-Озмуни мазкур 7 сол инҷониб аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд баргузор мегардад ва ба яке озмунҳои дӯстдоштании хонандагон табдил ёфтааст. Он дар се давр: мактабӣ, шаҳрӣ-ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор гардид, - иброз дошт Осим Каримзода.
Баъди маросими расмӣ ба саҳна 22 маликаи Наврӯзӣ аз 17 шаҳру ноҳияи вилоят даъват карда шуданд ва дар асоси қуррапартоӣ маликаҳои Наврӯзӣ аз рӯи 5 шарт: хондани шеър дар васфи Наврӯз, иҷроиши рақс ва ё хондани тарона, истеъдоди ман (муаррифии истеъдод ва ҳунарҳои азбарнамуда), намоиши либоси дӯхти худи иштирокчӣ аз рӯи тарҳ ва дизайни Наврӯзӣ ва байтбарак бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳамчунин, тибқи Низомнома ба доштани гесӯи дароз ва қади баланд имтиёзи иловагӣ ба ҳар як иштирокчӣ дода шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбаст, Шоҳҷоизаи озмун насиби  хонандаи синфи 11-и литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Меҳрона Ҷӯрабоева гардид. Ҳуснигул Даминова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №21-и шаҳри Хуҷанд, Муслима Эшматова-хонандаи синфи 11-и гимназияи №1-и шаҳри Гулистон, Манижа Иброҳимова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №3-и шаҳри Бӯстон сазовори ҷойи якум, Робия Мӯсозода-хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №3-и шаҳри Панҷакент, Анӯша Камолиддинова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №36-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ёсуман Бадизода-хонандаи синфи 11-и ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷойи дуюм, Рухшона Ваҳҳобова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №33-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Марҷона Қодирова-хонандаи синфи 11-и ноҳияи Ашт, Дилдора Сатторова-хонандаи синфи 11-и шаҳри Истиқлол, Шаҳноза Исоева-хонандаи синфи 11-и ноҳияи Шаҳристон, Фараҳноз Раҳимова-хонандаи синфи 11-и шаҳри Исфара, Дилнура Нарзиева-хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №12-и ноҳияи Зафаробод ва Париноз Маърупова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №71-и шаҳри Панҷакент сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибони озмун бо “Диплом”-и дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов қадршиносӣ карда шуда, инчунин соҳиби Шоҳҷоизаи озмун бо Ҷом ва лентаи рамзӣ ва тамоми иштирокчиёни даври вилоятӣ бо “Сипоснома”-и раёсати маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадр карда шуданд.