Мизи мудаввар: “Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо”

23-05-2019
23-юми майи соли 2019 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо” баргузор гардид. Дар он Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Раҷабова – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Горбашко Елена – ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректор ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Раҳматулло Мирбобоев дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки яке аз мавзӯъҳои асосии чорабинии имрӯза баланд бардоштани салоҳиятнокии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар омода намудани мутахассисони касбӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин як қатор масъалаҳои мавриди назар таҳлилу баррасӣ мегарданд.
Лутфия Раҷабова қайд кард, ки мувофиқи назарсанҷии яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба давлатҳои рӯ ба инкишоф соли 2017 Тоҷикистон бо 4 нишондод: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияту рақобат дар соҳаи маориф  дар миёни 101 мамлакати олам ҷойи 54-ум ва дар миёни давлатлатҳои собиқ шӯравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро касб намудааст. Аммо мо ба ин ҳам қаноатманд нестем ва барои боз ҳам дар сатҳи хубтару беҳтар ва ба даст овардани нишондодҳои баланд чораҳои заруриро меандешем.
Дар рафти чорабинӣ 8 маърӯза аз ҷониби иштирокдорон шунида шуд. Аз ҷумла, Горбашко Елена Анатолевна – ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи иқтисодии Санкт-Петербург дар мавзӯи «Таъмини сифати таҳсилот дар шароити ҳамгироии Аврупоӣ ва Аврупою Осиё», Зиёӣ Хуршед – директори Пажӯхишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомӣ дар мавзӯи «Гузариш аз низоми идоракунии сифат ба низоми кафолати сифати таҳсилот омили рушди соҳаи маорифи кишвар», Ҷумахонова Манучеҳра – сардори раёсати назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар мавзӯи «Низоми баҳодиҳии сифати таҳсилот: тартибот ва меъёр», Ҷаъфаров Савзалӣ - муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва сифати интихоби довталабон барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар», Сангинов Нарзулло – профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми берунии таъмини сифат дар Ҷумхурии Тоҷикистон: ҳолат ва роҳҳои такмил», Абдуллоев Мамадамон – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи «Системаи аврупоии сифати таҳсилот», Шоев Маҳмудхон – муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар мавзӯи «Таҳия ва истифодаи усулҳои муосири назорати сифати таълим (дар мисоли ДДЗТ ба номи С. Улуғзода)» ва Мақсудов Хуршед – муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Аз салоҳиятҳои фаннӣ то салоҳиятҳои хатмкунанда-масъалаҳои низоми дохили муассисавии таъминоти сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо» маърӯзаҳои худро ироа карданд.
Сипас, миёни иштирокдорони чорабинӣ вобаста ба якчанд мавзӯе, ки дар мизи мудаввар матраҳ гардид, саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт.
Чорабинии мазкур дар ҳалли як қатор мушкилоти таҳлилу баррасӣ гардида таъсири мусбат расонда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.  
Аҳмадшои МАСЪУД