МИЗИ МУДАВВАР: «ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАҲОИ ХАТАРЗОИ ҶОМЕА МУОСИР»

29-01-2020
28-уми январи соли 2020 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Иттифоқи касбаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризм падидаҳои хатрзои ҷомеаи муосир» доир гашт.
Дар чорабинӣ Н.Ғаффорӣ-ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, З. Нозакова-муовини раиси Иттифоқи касбаи кормандони маориф ва илм, намояндагони иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар кори миззи мудаввар иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Нақши зиёиён дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм», «Идеологияи ифротгароӣ ва тундгароӣ дар муҳити ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он», «Экстримизм ва терроризм ҳамчун муборизаи геополитикии акторҳои ҷаҳонӣ», Ифротгароӣ ва терроризм: сабабҳои авҷгирӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо», «Роҳҳо ва воситаҳои самараноки мубориза бар зидди экстримизм ва терроризм» маърӯза намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО