МТОК: ҚАБУЛИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ИНТИҚОЛУ БАРҚАРОР

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021, Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 ва Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи таҳсилоти дуюм дар соли таҳсили 2020-2021 тасдиқ карда шуданд.
Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор карда шаванд, ки қабули донишҷӯёнро ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 дар доираи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 ва Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 ва Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи таҳсилоти дуюм дар соли таҳсили 2020-2021 ба роҳ монда, риояи ҳатмии талаботи мазкурро таъмин намоянд.
Дар ин давра натиҷаи фаъолияти комиссияи интиқолу барқарор намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Тавре маълум гардид, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 5066 ариза ворид гардааст, ки аз он 4666 ариза қонеъ гардонида, ба 400 аризаи дигар ҷавоби рад гардонида шудааст.
Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки талаботи бандҳои Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд.