МУАРРИФИИ БАРНОМАИ «e DONISH»

14-02-2024
14 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳим Саидзода барномаи иттилоотии соҳаи маориф – «е Donish » муаррифӣ гардид. Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илм – Зиёдулло Абдулзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни муаррифӣ гуфта шуд, ки барномаи мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оилаю аҳли ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон таҳияву амалӣ гардидааст.
Дар навбати худ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврасу ҷавон ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошта, маҳз ба хотири баланд бардоштани маърифати ин қишри ҷомеа зарурати татбиқи технологияи нав дар раванди таълим ба миён омадааст.
Ёдовар мешавем, ки барномаи «e Donish» хизматрасонии электроние мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон