Муаррифии дастовардҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

02-07-2024
2-юми июли соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласа оид ба "Ҷамъбасти Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии Нақшаи миёнамуҳлати стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” баргузор гардид. Дар он дар баробари дигар зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм дастовардҳои Донишкада муаррифӣ гардиданд.
Зимни муаррифии фаъолияти Донишкада аз ҷониби ректор Наврӯз Мирзозода иттилоъ дода шуд, ки Донишкада дар давраи кӯтоҳ чунин корҳоро ба анҷом расонид:
- таҳия ва роҳандозии платформаи Системаи иттилоотии рушди касбияти омӯзгорон (СИРКО), ки айни замон зиёда аз 23978 омӯзгорон дар он ба қайд гирифта шудаанд;
- таҳияи ду маҷаллаи соҳавӣ "Омӯзгор ва замон" ва "Омӯзгори муосир";
- омода намудани 50 нафар тренерони сатҳи байналмилалӣ ва аз омӯзиш гузаронидани 60 нафар омӯзгорон аз рӯйи PISA;
- аз омӯзиш гузаронидани 1400 нафар омӯзгорони ҷавон (хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти педагогӣ машғуланд);
- баргузории 320 хонишҳои кафедравӣ;
- таҳия ва тасдиқи 10 санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- ба имзо расидани ду ёддошти тафоҳум бо муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарон ва намояндагони шарикони рушд ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.