Муаррифии лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт

23-02-2024
Имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як  қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид.
Тавре ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳаҳои бо меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ таҳиягардида, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои кӯҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.
Аз ҷумла ободонии канори чапи соҳили дарёи Душанбе дар шафати кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи давродаври ҷанубӣ дар масоҳати наздики 110 гектар бо риояи меъёрҳои иншооти соҳаи маишӣ ва фароғату дилхушӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳамин тартиб хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қаробоев  ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои навсозии маҳаллаҳои истиқоматӣ, талаботи баланди санъати меъморӣ, бунёди тамоми зербинои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла мактабу шифохона, боғчаҳои кӯдакона, марказҳои хизматрасонӣ, варзишию фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо  ва ҳамчунин роҳҳои васеъ, шабакаҳои барқу равшанидиҳӣ ва обу корез ва ҳамаи стандартҳои дигари шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шавад. Супориш дода шуд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳад баланд ба нақша гирифта нашаванд.
Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба васеъ ва ободу зебо намудани роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ободонии ду паҳлуи роҳҳо, бунёди эстакада ё худ роҳҳои бисёрқабата дар чорроҳаҳои калони сермошин дода шуд.
Таъкид гардид, ки марказҳои калони савдою хизматрасонӣ ва дигар биною иншооти зарурӣ дар ҳамаи минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла дар канораҳои он ҳам бояд бунёд ёбанд, то ки мардум дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд ва ба ин тариқ аз тамбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои марказӣ то андозае пешгирӣ карда шавад.
http://www.prezident.tj/node/32758