МУАРРИФИИ МУОВИНИ ВАЗИР

27-04-2021

27-уми апрели соли равон дар толори Вазорати маориф ва илм бо иштироки Сатториён Матлубахон Амонзода – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муасссисаҳои тобеи вазорат ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он муовини нави вазири маориф ва илм муаррифӣ шуд.
Дар оғоз М. Сатториён Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар бораи муовини вазири маориф ва илм таъйин гардидани Ғанизода Гулчеҳра Самӣ қироат карда, дар иҷрои вазифаи хизматӣ ва рушди соҳа муваффақият таманно намуд.
М. Имомзода зимни суханронӣ барои сазовор шудан ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъйин шудан ба вазифаи муовини вазири маориф ва илм кишвар Гулчеҳра Ғанизодаро табрик намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ дар якҷоягӣ бо муовини тозатаъин ва умуман, кормандони вазорат барои расидан ба ҳадафҳои олии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар талош хоҳанд кард.
Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Бояд гуфт, ки дар ин вазифа Латофат Назирӣ фаъолияти густурда ва домандор дошта, дар рушду пешрафти соҳаи маориф хидмати шоиста кардааст ва барои саҳми арзанда дар инкишофи соҳа ба мавсуф Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим  карда шуд.

Ғанизода Гулчеҳра Самӣ,
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ғанизода Гулчеҳра Самӣ 13.12.1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1992 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро аз рӯйи ихтисоси  забон ва адабиёти рус  хатм кардааст.   Фаъолияти кории мавсуф аз соли 1987 ҳамчун мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Сипас, дар вазифаҳои  мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1992-1997), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1997-2000), мутахассиси дараҷаи аввали ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2000-2004), директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2004-2016), мутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе (2016), мудири шуъбаи таъминоти методии раёсати маорифи шаҳри Душанбе (2016-2017), сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансур (2017-2019), муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2019-2020) ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (2020- 2021)  кор кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 апрели соли 2021, №136)) Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон