МУАРРИФИИ НАҚШАИ СОЛИ ЯКУМИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ USAID ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИРИ ТОМАКТАБӢ

18-04-2024
18-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи соли якуми фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба таҳсилоти фарогири томактабӣ муаррифӣ гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори бахши идоракунӣ ва маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереза Миллер, роҳбари бахши маорифи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Наоко Ҳосака, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
Сараввал, Зиёдулло Абдулзода аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳа ёдовар шуда, қайд намуд, ки тӯли се даҳсола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити созгор барои ҳамкориҳои мутақобила бо созмону ташкилотҳои байналмилалиро муҳайё намудааст ва амалишавии Лоиҳаи USAID оид ба таҳсилоти фарогири томактабӣ низ дар доираи ин иқдомҳои давлату Ҳукумат сурат гирифта истодааст.
Дар идома нақшаи соли якуми Лоиҳаи USAID оид ба таҳсилоти фарогири томактабӣ аз муаррифӣ шуда, миёни ҳозирин доир ба нақшаи таҳияшуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур, амалӣ намудани Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва кӯдакистонҳо, беҳтар намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои томактабӣ, ба стандартҳои замони муосир мутобиқ намудани таълиму тарбияи томактабӣ ва истифодаи таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар ин самт мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон