МУАРРИФИИ РАСМИИ ПЛАТФОРМАИ РАҚАМИИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ - “САНДУҚЧАИ ЗУЛБИЁ”

31-05-2022
31-уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе муаррифии расмии платформаи рақамии таҳсилоти томактабии “Сандуқчаи зулбиё” доир гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ба таври ҳузурӣ ва муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Кори ба таври онлайнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
З. Абдулзода – муовини вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он чораҳои таъхирнопазир меандешад. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд. Бо дарназардошти чунин муҳимият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа, Вазорати маориф ва илм барои рушди рақамикунонии соҳаи таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии самтҳои афзалиятноки таълими кӯдакони хурдсол, тавсеаи фарогирӣ ва баланд бардоштани бахши таълими кӯдакони хурдсол рақамикунонии соҳаи таҳсилот, татбиқи Барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз 26.10.2021, №460 иҷрои Нақшаи фаъолияити якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд. 
Дар идома, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ таъкид дошт, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи мазкур, инчунин такмили сифат ва фарогирии таҳсилот барои тамоми кӯдакон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ба ҳамкорӣ бо тамоми шарикон содиқ хоҳад монд.
Ҳамчунин, муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Кори зимни суханронии маҷозии худ қайд кард, ки кӯдакони аз ҳама бештар осебпазир аз қабили кӯдакони гурезагон ё кӯдаконе, ки дар ҷамоатҳои дурдасти деҳот умр ба сар мебаранд, инчунин кӯдакони дорои маъюбият аксар вақт дастрасии боз ҳам камтар ба таҳсилоти босифат доранд. Ҳамин тариқ, пешниҳод намудани платформаҳои рақамӣ барои таҳсилоти томактабӣ вокуниши инноватсионӣ ба буҳрони байналмилалии натиҷаҳои босифати таълимӣ дар таҳсилоти томактабӣ мебошанд.
Сипас, платформаи рақамии “Сандуқчаи зулбиё” муаррифӣ гардид. Зимни муаррифӣ мутахассис оид ба соҳаи маорифи ЮНИСЕФ Мак Гловинский сухан ронда, ҳамзамон, оид ба вазъи муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, оид ба трансформатсияи рақамии системаи маориф ва технологияҳои рақамӣ дар таълими томактабӣ Абдураҳмон Гулзода баромад карданд.
Бояд гуфт, ки “Сандуқчаи зулбиё” (www.tomaktabi.tj) - як платформаи чандир, танзимшаванда ва рақамии таълимӣ мебошад, ки дар натиҷаи шарикии байни ЮНИСЕФ ва ширкати “Microsoft” ба вуҷуд омадааст. Дар оғоз платформа ҷиҳати вокуниш ба буҳрони муҳоҷирон, таъмини имконияти таҳсил дар сафар ва гум нашудани қайдҳои таҳсилоти кӯдак дар вақти кӯчидан эҷод шуда буд. Аммо, платформа роҳҳои истифодабарии хело васеътар дорад ва ҳоло миқёси он барои дастгирии таҳсили 5,4 миллион кӯдак дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ васеъ карда мешаванд, ки аз байни онҳо якуним миллион кӯдакон дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Кишварҳои минтақаи мазкур равиши инноватсиониро истифода бурда, ин платформаи дастраси таълимиро барои ноил гардидан ба афзалиятҳои соҳаи таҳсилоти томактабӣ истифода намудаанд. Вазифаи мазкур тавассути такмили дониш ва малакаҳои омӯзгорон ва кӯдакони синну соли томактабӣ иҷро карда мешавад.
Таъмини дурусти таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, зеро 90% мағзи сари кӯдак то синни 5-солагӣ инкишоф меёбад. Дар ин давра тавассути эҷоди муҳити ғамхорона ва ҳавасмандкунанда, ки дар он кӯдак метавонад таълим гирифта, рушд ва инкишоф ёбад, волидон ва омӯзгорон метавонанд дар гузоштани таҳкурсии устувор барои таълимгирӣ дар тамоми давоми ҳаёт ба кӯдак кӯмак расонанд. 
Дар Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани платформаи “Сандуқчаи зулбиё” барои бахши таҳсилоти томактабӣ ЮНИСЕФ бо Вазорати маориф ва илм ҳамкории зич дорад. “Сандуқчаи зулбиё” аз унсур ва имкониятҳои зерин иборат аст, ки барои дастгирии омӯзгорон ва волидон пешбинӣ шудаанд:
● Барои омӯзгорон:
- Курсҳои такмили ихтисос;
- Нақшаҳои дарсӣ;
- Мутолиаи иловагӣ;
- Захираҳои рақамӣ барои таълим ва омӯзиш;
● Барои волидон:
- Дастур барои таълим дар хона;
- Китобхонаи машғулиятҳои оддӣ ва маслиҳатҳои барои тарбия;
- Дастурҳо оид ба бозии муштарак;
- Баланд бардоштани сатҳи ҷалби волидон ва кӯдакон;
● Барои кӯдакон:
- Бозиҳо барои рушди саводнокӣ, ҳисобкунӣ ва малакаҳои иҷтимоӣ - эҳсосӣ;
- Дастрасӣ ба китобҳои электронӣ бо забонҳои маҳаллӣ;
- Видео наворҳои таълимӣ;
- Китобхонаи мураттабшудаи маводҳои мувофиқ ба синну сол;
Тавассути роҳандозии “Сандуқчаи зулбиё” (www.tomaktabi.tj) ЮНИСЕФ ва Вазорати маориф ва илм ният доранд, ки теъдоди муайяни омӯзгорон ва волидонро дар Тоҷикистон фаро гиранд, ки ин барои такмили натиҷаҳои таълим ва рушди дар маҷмуъ бештар аз як миллион кӯдакон имконият фароҳам меоварад.
БАХТОВАР САФАРОВ