МУАРРИФИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

03-11-2020
   Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аз нав вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. 
   Ба ин муносибат дар толори нави Вазорати маориф ва илм бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷамъомад баргузор гардид.
   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи вазири маориф ва илм таъин намудани Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба самъи ҳозирин расонида, ба номбурда барору комёбиҳо орзу намуд.
   Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ зимни суханронии худ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ дар якҷоягӣ бо аҳли маориф ва кормандони соҳа барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият кӯшиш ба харҷ медиҳад.
   Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли 2020  ва баъди баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҳайати нави Ҳукумати кишвар аз 3 ноябри соли 2020 бори дигар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон