Муассисаҳои таълимии хусусӣ чӣ гуна рушд меёбанд?

20-05-2019
Яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори маорифи кишвар рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ҳамин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 майи соли 2014, рақами 295 «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» амалӣ шуда истодааст.
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2016 то 31 декабри соли 2018, яъне муддати 2 сол барои муассисаҳои таълимии хусусӣ андоз аз арзиши иловашуда аз 18% то ба 5% пойин оварда шуд. Ин имтиёз боиси рушди ин соҳа гардида, муассисаҳои таълимии хусусиро аз муфлисшавӣ наҷот дод. Бинобар ба охир расидани муҳлати сабукии андозбандӣ, аз 1 январи соли 2019 нисбат ба муассисаҳои таълимии хусусӣ дубора андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри 18% ҷорӣ карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки рӯзи 20 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, дар бораи пешбинӣ намудани сабукӣ ва имтиёзҳо нисбат ба бахши хусусии соҳаи маориф ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор доданд.
Бояд зикр кунем, ки зиёд шудани муассисаҳои таълимии хусусӣ на танҳо ба рушди соҳаи маориф ва ҷомеа, балки дар таъмини буҷети давлат низ таъсир мерасонад. 
Тибқи омори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи сарикасӣ барои зинаи ибтидоӣ 1454 сомонӣ, зинаи асосӣ 1162 сомонӣ ва миёнаи умумӣ 932 сомонӣ буда, ба ҳисоби миёна 1183 сомониро ташкил медиҳад. Агар ин маблағро нисбат ба теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии хусусӣ, ки 23 138 нафарро ташкил медиҳад, дар назар гирем, пас, ин муассисаҳо аз ҳисоби ба дӯши худ гирифтани маблағгузории сарикасӣ ба буҷети давлат ба ҳисоби миёна беш аз 27 млн. сомонӣ сабукӣ меоранд. Аз ҳисоби маоши муаллимон ва андозҳои иҷтимоӣ бошад, ин муассисаҳо сарбории буҷети соҳаи маорифро ба таври ҷиддӣ коҳиш медиҳанд. Масалан, муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо» дар соли 2018 ба буҷети давлат ба маблағи 1 131 547 сомонӣ андоз пардохт намудааст. Соли равон дар ҷумҳурӣ 60 адад муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият доранд. Агар ин муассисаҳо ба ҳисоби миёна 1 млн. сомонӣ ҳар кадом андоз пардохт кунанд, пас ба хазинаи давлат беш аз 60 млн. сомонӣ маблағ месупоранд, ки ин низ сарчашмаи иловагӣ барои буҷети мамлакат мебошад.
Ҳамчунин, дар кишвар беш аз 90 муассисаи таълимии томактабӣ хусусӣ фаъолият менамоянд, ки дар баробари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба буҷети давлат маблағ пардохт менамоянд.
Ҳамин тавр, теъдоди ин гуна муассисаҳо ҳар чӣ бештар гардад, нишондодҳои боло боз ҳам баландтар хоҳад шуд. Дар натиҷа ҳам сифати таҳсилот ва ҳам манбаи даромади буҷет дар сатҳи дигар қарор мегирад.
Бояд иқрор шуд, ки соҳибкорони ватанӣ ҳанӯз ба таври васеъ ба мактабсозию мактабдорӣ рӯ наовардаанд. Чаро?
 Пеш аз ҳама, аксари мардум мисли даврони Шӯравӣ то ҳол фикр мекунанд, ки мактабсозӣ фақат вазифаи давлат мебошад.
Сониян, фаъолият ва соҳибкорӣ дар соҳаи маориф масъулияти баланди ҷавобгарӣ дар баробари дониш, тарбият, саломатӣ ва гоҳо ҳаёти кӯдакро талаб мекунад. Бинобар ин, на ҳамаи соҳибкорон омодаанд, ки ба ин соҳаи ҳассос, яъне, мактабдорӣ рӯй биоваранд.
Сеюм, соҳибкорӣ дар соҳаи маориф, бахусус, дар таъсиси мактаби хусусӣ сабри зиёдро талаб мекунад. Зеро, мактаб мисли боғ, дар тӯли 5-6 сол шакл гирифта, баъд аз он метавонад фоидаи молиявӣ биёрад. Соҳибкорони мо бошанд, бесаброна дар интизори ба даст овардани даромад шуда, ба фаъолияти мактабсозӣ рӯ намеоранд.
Чорум, сармояталаб будани ин соҳа низ боис ба худдории соҳибкорон дар самти фаъолияти мактабдорӣ мебошад. Масалан, барои сохтани як мактаби ба талабот ҷавобгӯ ба ҳисоби миёна аз 30 то 50 млн. сомонӣ зарур мебошад, ки аксари соҳибкорон дар Тоҷикистон хоҳиши ин гуна маблағгузории ҷиддиро надоранд.
Бо вуҷуди ин, бояд дар соҳибкорони ватанӣ парвариш ёфтани раванди фарҳанги маорифпарварӣ рушд ёбад ва барои ин дар фазои иттилоотӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ ва ташвиқотӣ тақвият бахшида шавад.
Пешбинӣ гардидани имтиёз ва сабукиҳо дар самти маорифи хусусӣ соҳибкорони ватаниро дар таъсиси муассисаҳои таълимӣ ҳавасманд гардонида, барои амалӣ гардидани «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» мусоидат менамояд.
 
Илҳомиддин Ҳакимниё,
директори генералии МТХ “Литсейи Раҳнамо”,
иштирокчии ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани
фазои сармоягузорӣ