МУБОРАК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ!

08-09-2022
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!
Муҳтарам аҳли маориф!
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон сиву якумин солгарди  Истиқлоли  давлатии  Ватани маҳбуби худро бо тантанаҳои пуршукӯҳ ва дастовезҳои шоиста ҷашн мегиранд. Истиқлол барои  мо  сарвату  неъмати  бебаҳо,  ифодагари  озодӣ,  ҳувияти  миллӣ  ва  соҳибватаниву соҳибдавлатист. Ба бахти тоҷикони сарбаланду шарафманд дар  даҳсолаи  охири  асри ХХ-31  сол  қабл  аз  ин  Тоҷикистон  ҷумҳурии соҳибистиқлол  гашт  ва  ҳамчун  давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард.  Зери  роҳбариву  роҳнамоии  хирадмандонаи  меъмори  истиқлол,  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон дар оғӯши истиқлол марҳила ба марҳила  ба  як  сарзамини  озоду ором,  ободу  рушдёфта  табдил  ёфт.  Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлоли давлатӣ шарафу ифтихор, муаррифи  миллати  мост.  Он  ба  мо  имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории  миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи  халқамонро  амалӣ гардонем ва зиндагии осоиштаву озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Ифтихорманд аз он ҳастем, ки тавассути сиёсати оқилонаву дурандешонаву  ватанпарастонаи  Пешвои  муаззами миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ин муддат  дар  Тоҷикистони  соҳибистиқлоламон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад, ки барои шукуфоиву  пешрафти  кишвари  азизамон  заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ҳамин замина тамоми  соҳаҳои  ҳаёти  мамлакат  пеш  рафт,  бун ёдкорию созандагӣ авҷ гирифт. 
Дар ин раванд, бешубҳа, дар сиёсати давлатӣ дар  мадди  аввал  гузоштани соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон моҳияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию  фарҳангӣ  дошта, баҳри  инкишофу  рушди  ҷомеа  таҳаввулоти ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Мақом ва мартабаи низоми  муосири  маориф  ҳамчун  меъёри асосии пешрафту дигаргунсозии ҷомеа ва рушди мамлакат бомаром ва мутассил афзуда, омили муҳимми пешрафти иқтидори  иқтисодиёт  ва амнияти миллӣ мегардад ва ҷиҳати густариши таҳсилоти босифат, ҳамгироии низоми ягонаи таҳсилот, таъмини эҳтиёҷоти ҷомеа ва шахсият баҳри  дарёфти  донишу  ҳунар  мусоидат  менамояд. Дар ин замина, ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мегардад ва ислоҳоти низоми таълим  дар  ҳамаи  зинаҳои  таҳсилот  раванди тозаву пурсамар мегирад. 
Бо файзу баракати истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи  Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм давра ба  давра ба дастовардҳои калон ноил гашт. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ  таълиф  ва  пешниҳод  карда  шуд,  ки муҳтавои онҳо ба замони муосир мувофиқанд. Таҳияи  стандартҳои  давлатии  таҳсилот, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону  донишҷӯён,  таъсиси  марказҳои инкишофи кӯдакони синни  томактабию  марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо, инноватсионию технологӣ,  илмӣ, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисаҳои  таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави идоракунӣ, таҳким бахшидани низоми такмили ихтисос ва хадамоти методӣ, вусъати ҳаракати олимпӣ таҳаввулоти ҷиддиро дар сатҳу сифати таҳсилот ва низоми маориф ба вуҷуд овард. Дар натиҷа, дар робита ба ин ширкати  хонандагони  тоҷик  дар  озмунҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол афзуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф илова ба маблағҳои буҷетӣ маблағҳои грантӣ ва инвеститсиониро сафарбар намуд, ки барои ҳалли як қатор мушкилоти соҳа дар мамлакат ёрии амалӣ расонид. Дар давоми 31 соли истиқлол дар кишвари мо ҳар  сол  садҳо  муассисаи  таълимӣ  бунёд  ва  аз нав  сохта  шуданд,  ки  ин  ҳама  аз  шарофати файзи  Истиқлоли  давлатӣ  мебошанд. Боиси фараҳмандист, ки имсол низ ба ифтихори соли нави  таҳсил дар маросими ифтитоҳи  аксари муассисаҳои  нави  таълимии  кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  расман  ташриф  оварда, бо суханрониву андешаҳои пурмуҳтаво  ва ҳидояту  роҳнамоиҳои ғамхорона шуълаи меҳру  муҳаббатро  дар  замири  хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон боз ҳам фурӯзон гардонданд. Сарвари давлат имсол  дар  нахустрӯзи  соли  нави  таҳсил  бинои нави пуршукӯҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба  номи  Абуалӣ  ибни  Синоро ифтитоҳ намуда, дар ин муассисаи олии кишвар бо иштироки доираи васеъи устодону шогирдон ва аҳли илму адаб дарси сулҳ баргузор намуданд. Суханронии  Президенти  ҷумҳурӣ саршор аз муҳаббат ба Ватан, ба халқу миллати азиз ва ғамхорӣ нисбат ба фардои давлати соҳибистиқлоламон буд. 
Дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  муаззами  миллат моро водор менамояд, ки оид ба таъмини сифати  таълиму  тарбия  дар  ҳамаи  зинаҳои таҳсилот, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмию  таҳқиқотӣ  ва  озмоишию  лабораторӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти кишвар  ва  арзишҳои  волои  миллӣ,  инчунин,  тарбияи  наврасону  ҷавонон  дар  рӯҳияи худшиносӣ  ва  эҳёи  андешаи  бунёдии  миллӣ, иштироки  фаъоли  қишрҳои  гуногуни  ҷомеа дар  озмунҳои  ҷумҳуриявии  «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон» -  оинаи  таърихи  миллат»,  амалӣ  намудани ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», иҷрои босифати стратегия, нақшаву консепсия  ва  барномаҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар  ин  сурат  мо  метавонем барои боз ҳам таҳким ёфтану устувор гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузорем.
Тамоми  ҳамватанон,  устодону  омӯзгорон, шогирдону донишҷӯён, падару модарони азизро  ба муносибати  ҷашни  бузурги миллӣ,  31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан  табрик  намуда,  ба  онҳо дар таҳсилу кор ва фаъолияти минбаъдаашон пирӯзиву пешравиҳоро таманно дорам. 
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ватани  азизамон муборак, ҳамдиёрони азиз!